< Матвиенко: Русия тарафҳои заъфи Ғарбро медонад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Матвиенко: Русия тарафҳои заъфи Ғарбро медонад

Матвиенко: Русия тарафҳои заъфи Ғарбро медонад
Раиси Шӯрои Федератсияи Русия дар ҷараёни сафараш ба Душанбе дар бораи вокуниш ба маҳдудиятҳое, ки аз ҷониби раҳбарони кишварҳои ғарбӣ садо додаанд, суҳбат кард

Таҳримҳои як қатор кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия пас аз оғози амалиёти низомӣ дар Украина посух хоҳанд дошт.


Дар ин бора Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия зимни суханронии худ дар ҳамоиши VII байнипарлумонии «Тоҷикистон — Русия: иқтидори ҳамкориҳои байниминтақавӣ» изҳори назар кард.


«Бастаи таҳрими ҷавобӣ омода шудааст, мақомоти Русия тарафҳои заъфи кишварҳои ғарбиро медонанд», — гуфт ӯ.

Матвиенко ҳамчунин изҳори итминон кард, ки тасмим дар бораи боздоштани сертификатсияи «Маҷрои шимолӣ-2» муваққатист.

Вай афзуд, Русия ҳатто пас аз таҳримҳо алайҳи лӯлаи газ ҳам таъминкунандаи боэътимоди газ ба Аврупо буд ва боқӣ мемонад.


Раиси Шӯрои федератсия Валентина Матвиенко ҳамчунин дар бораи мизони табодули коло миёни Тоҷикистон ва Русия изҳори назар кард.


Дар соли 2021 гардиши мол тақрибан ду баробар, 45 фоиз афзуд, гуфт ӯ ва илова кард, ки Русия ҳамчунон шарики асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ боқӣ мемонад.


Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий