Ҳукумати Суғд гуфт, кадом шаҳру навоҳии вилоят даромад дораду кадомаш не
Даромади буҷҷети маҳалии шумори бештари шаҳру навоҳии Суғд хароҷоти худро пӯшонида наметавонад
Ин нуктаро масъулини идораи молияи ҳукумати Суғд дар нишасти матбуотӣ баён намуданд.Анвар Мирзозода, сардори Раёсати молияи ҳукумати Суғд дар посух ба саволи рӯзноманигорон шаҳру навоҳии субвенсионӣ, хароҷотбарор ва саҳмгузорро ном гирифт.Ӯ гуфт, ҳоло аз 18 шаҳру навоҳии Суғд ҳоло 11 тои он субвенсионӣ маҳсуб мешаванд.
«Инҳо шаҳру ноҳияҳои Ашт, Деваштич, Зафаробод, Конибодом, Кӯҳистони Мастчоҳ, Исфара, Истиқлол, Спитамен, Ҷ.Расулов, Шаҳристон, Мастчоҳ мебошанд, ки ҳамасола ба далели пӯшонида натавонистани хароҷоти худ аз ҳисоби буҷҷети вилоят маблағҳои субвенсионӣ интиқол дода мешавад» — гуфт, сардори идораи молия.
Ин масъули ҳукумат иброз намуд, ки то даҳ соли пеш шаҳру навоҳии субвенсионии Суғд ҳамагӣ панҷ то шумурда мешуд, вале ба ин ҳол ин омор афзоиш ёфтааст.
Дар замони пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ дар феристи навоҳии субвенсионӣ асосан Ашт, Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон, ва шаҳри Истиқлол шомил буданд. Аммо баъди солҳои 2012 шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Зафаробод ва аз соли 2020 ба ин тараф ноҳияи Мастчоҳ низ ба ҳисоби шаҳру ноҳияҳои субвенсионӣ ҳамроҳ карда шуд. Инҳо навоҳие ба шумор мераванд, ки барои таъмин намудани хароҷоти ҷории худ танқисӣ мекашанд ва барои таъминоти соҳаҳои иҷтимоӣ маблағҳои субвенсионӣ интиқол дода мешавад.
Ҳоло Бӯстону Гулистону Хуҷанд, Айнӣ, Панҷакент ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз панҷгонаи шаҳру навоҳии Суғд ба ҳисоб мераванд, ки қисми даромади буҷҷети маҳалӣ нисбат ба хароҷоташон бештар буда ва барои рӯйпуш намудани хароҷоти дигар навоҳии вилоят саҳмгузор мебошанд.
Дар ин миён Истаравшан ягон шаҳр аст, ки даромади буҷҷеташ хароҷоти шаҳрро таъмин мекунад.Бино ба гуфти Анвар Мирзозода, соли 2021 дар умум ба 11 шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби буҷҷаи вилоят 270 миллион сомонӣ маблағҳои субвенсионӣ равон карда шудааст.
Масъулони ҳукумати Суғд мегуянд бо вуҷуди бештар шудани шумори шаҳру навоҳии субвенсионӣ, вилояти Суғд дар назди буҷҷети марказии кишвар субвенсионӣ нест, балки барои навоҳии шаҳри Душанбе ҳиссагузор аст.
Сарчашма: Sputnik Tajikistan
Комментарии (0)