< Аловиддин Абдуллоев, ҳунарманд ва ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик даргузашт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Аловиддин Абдуллоев, ҳунарманд ва ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик даргузашт

Аловиддин Абдуллоев, ҳунарманд ва ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик даргузашт
Аловиддин Абдуллоев, ҳунарманд ва ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик ва раҳбари Сарраёсати фарҳанги вилояти Хатлон субҳи панҷшанбе даргузашт. Хабари даргузашти ӯро масъулини Идораи фарҳанги вилояти Хатлон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд. Ҳанӯз маълум нест, ки сабаби фавти ҳунарманди шинохта чӣ будааст.
Аловиддин Абдуллоев 57 сол дошт ва зодаи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон буд. Абдуллоев хатмкардаи Донишкадаи фарҳанги ба номи Мирзо Турсунзода буд ва солҳо дар театри шаҳри Бохтар кор мекард. Абдуллоев се соли ахир раҳбарии Сарраёсати фарҳанги вилояти Хатлонро ба ӯҳда дошт
Хабар такмил мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий