< Даъвати Ҷинпин аз Эмомалӣ Раҳмон барои боздид аз Чин » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Даъвати Ҷинпин аз Эмомалӣ Раҳмон барои боздид аз Чин

Даъвати Ҷинпин аз Эмомалӣ Раҳмон барои боздид аз Чин
Роҳбари Чин аз раисҷумҳури Тоҷикистон даъват намудаст, ки моҳи феврали соли равон меҳмонаш шавад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро барои иштирок дар маросими кушодашавии Бозиҳои олимпии зимистона - 2022 даъват кардаанд, иттилоъ дод хабаргузории "Ховар". Феълан мақомоти тоҷик расман дар бораи сафари Раҳмон ба Чин хабаре нашр кардаанд.

Чунин даъватномаро аз Си Ҷинпин, роҳбари Чин дар баробари Эмомалӣ Раҳмон инчунин роҳбарони як қатор кишварҳои дигар низ гирифтанд.

Маросими кушодашавии Бозиҳои олимпии зимистона - 2022 рӯзи 4 феврал дар варзишгоҳи Пекин дар назар аст. Феълан омодагиҳо дар Чин идома дошта, се маҳали олимпиро аллакай 27 январ ифтитоҳ мекунанд.

Дар мавриди даъвати меҳмонон ба ин чорабинӣ Пекин изҳор дошт, ки даъватномаро унвонии мақомдорону чеҳраҳои шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ равона намудаст.

"Дар айни ҳол роҳбарони давлатҳои зиёд, раисони ҳукуматҳо ва аъзои оилаҳои шоҳӣ барои иштирок дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекин сабти ном карданду мо онҳоро истиқбол мегирем", - гуфт намояндаи ВУХ-и Чин, Ван Вэнбин.

Қаблан Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия, изҳор дошт, ки интизор меравад, нахустин сафари хориҷии Владимир Путин дар соли 2022 ба Чин сурат гирад. Дар назар аст, ки президенти Русия дар маросими кушодашави Бозищои олимпии зимистона иштирок намояд.

Маврид ба зикр аст, ки Бозиҳои зимистона дар Чин аз 4 то 20-уми феврали соли равон баргузор мешаванд. Мусобиқаи варзишгарон дар намудҳои гуногун, аз ҷумла лижаронӣ, рақси болои ях, бобслей, биатлон, фристайл, хоккей ва ғайра дар назар аст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий