Путин пас аз нишасти СААД ба Раҳмон занг зад
Президенти Русия бо раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод
Кишвардори Русия Владимир Путин бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, телефонӣ гуфтугӯ кард, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба котиби матбуотии раҳбари Русия Дмитрий Песков.
Рӯзи душанбе Владимир Путин дар видеоконфронси ғайринавбатии раҳбарони кишварҳои узви СААД вазъи Қазоқистонро баррасӣ кард.
Дар ҷараёни чорабинӣ ӯ ва Раҳмон ба мувофиқа расиданд, ки пас аз видеоконфронс занг зада, масъалаҳои ҷориро баррасӣ кунанд.
"Имрӯз президент тамосҳои маъмулӣ дорад, дар ҷараёни нишасти сарони СААД бо Раҳмон телефонӣ суҳбат кард. Ин сӯҳбат баргузор шуд", - гуфт Дмитрий Песков.
Сухангӯи президенти Русия ҷузъиёти суҳбати кишвардоронро ифшо накард, вале ба эҳтимоли зиёд президентҳо вазъи кунунии Қазоқистонро баррасӣ карданд.
Ёдрас мешавем, ки нишасти ғайринавбатии сарони кишварҳи узви СААД рӯзи душанбе тариқи видео баргузор шуд.
Дар ин нишаст, президенти Русия Владмир Путин, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ва сарвазирони Арманистону Қирғизистон ширкат ва суханронӣ карданд.
Комментарии (0)