Даъвати Лукашенко аз раҳбарони СААД барои кумак ба Тоҷикистон
Президенти Белорус Александр Лукашенко гуфт, бояд дар бораи Тоҷикистон сӯҳбат кард, ки ба дастгирӣ ниёз дорад
Президенти Белорус Александр Лукашенко аз раҳбарони кишварҳои узви СААД даъват кард, ки ба Тоҷикистон бо техникаи ҳарбӣ кумак кунанд.
Лукашенко дар ин бора дар нишасти ғайринавбатии раҳбарони Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ сухан гуфт.
Дар нишасти СААД президентони Русия ва Қазоқистон, Владимир Путину Қосимҷомарт Тоқаев ва ҳамзамон котиби СААД Станислав Зас иштирок мекунанд.
Қирғизистонро дар нишаст Оқилбек Ҷабборов намояндагӣ мекунад, зеро Содир Ҷабборов президенти ин кишвар феълан дар рухсатӣ қарор дорад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар нишаст ширкат дорад.
Нишасти ғайринавбатии сарони давлатҳои узви СААД ба мавзуи амният дар Қазоқистон бахшида шудааст.
Эътирозҳо дар Қазоқистон
Эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон авоили январи соли 2022 сар зад.
Сабаби баргузории гирдиҳамоӣ ду баробар боло рафтани қимати гази моеъ будааст. Комиссияи ташкилшудаи ҳукуматӣ омодагии худро барои кам кардани хароҷот эълон кард, аммо эътирозҳо дар шаҳрҳои дигар паҳн шуданд.
Онҳо ба зудӣ ба бетартибиҳо табдил ёфтанд. Дар пасманзари тезутунд шудани вазъ дар Қазоқистон вазъияти изтирорӣ ва соати комендантӣ ҷорӣ шуда, чорабиниҳои оммавӣ ва фурӯши аслиҳа манъ карда шуд.
Президенти кишвар Қосимҷомарт Тоқаев ҳукуматро барканор карда, ба Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ роҳбарӣ кард ва раҳбари аввали давлат Нурсултон Назарбоевро аз ин мақом барканор кард.
Қирғизистон аз боздошт шудани як шаҳрвандаш дар ошӯбҳои Қазоқистон вокуниш нишон дод 09.01.2022
Илова бар ин, бо дархости Тоқаев як контингенти дастаҷамъии СААД ба қаламрави ин кишвар ворид шуд.
Ин задухӯрдҳо талафоти ҷонӣ низ дар пай дошт, мақомоти қудратӣ ба боздошти аъзоёни гуруҳҳои террористӣ идома медиҳанд. Ба иттилои СММ, дар ҷараёни эътирозҳо тақрибан 1000 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Русия ҳодисаҳои Қазоқистонро як кӯшиши зӯроварӣ барои халалдор кардани амният ва якпорчагии давлат арзёбӣ мекунад.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ дар пасманзари нооромиҳо дар кишвар ба фаъолият шурӯъ кардаанд.
То 9 январ 508 нафар иштирокчиёни ҳамлаҳои террористӣ, ғоратгарӣ ва ҷиноятҳои дигар боздошт шудаанд. 22 адад аслиҳаи оташфишон ва 1412 дона тир мусодира карда шуд.
Дар Қазоқистон кори кӯдакистонҳо ва мактабҳо барои кӯдакони нобино боздошта шудааст. Таътили зимистонаи мактаббачагон то 17 январ ва донишҷӯёни коллеҷ то 24 январ тамдид карда шуд.
Дар ошӯбҳо дар Қазоқистон ҳудуди 400 мақомдори қудратӣ ҷароҳат бардоштанд. 10 январ дар Қазоқистон рӯзи мотами миллӣ эълон шудааст.
Комментарии (0)