Дар ошӯбҳои Қазоқистон 164 нафар, аз ҷумла ду кӯдак ҷон бохт
Ошӯбҳои Қазоқистон 164 кушта бар ҷой гузошт. Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба Вазорати тандурустии он кишвар хабар додааст.
"Дар ҷараёни ошӯбҳо дар Қазоқистон 164 нафар, аз ҷумла дар Алмаато 103 нафар кушта шуданд", - омадааст дар хабар.
Sputnik Қазоқистон мегӯяд, ки 21 нафар дар вилояти Қизилӯрда, 10 нафар дар Жамбил ва 8 нафар дар вилояти Алмаато кушта шудаанд.
Ҳамзамон дар ҷараёни тазоҳурот дар Алмаато ду кӯдак ҷон бохтанд, меафзояд агентӣ.
Ҳамзамон, беш аз 2 ҳазор сокини Қазоқистон барои кумаки тиббӣ муроҷиат кардаанд.
Ба иттилои шабакаи телевизионии "Хабар 24", аксари қурбониён дар Алмаато будаанд.
Қаблан Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон аз марги 16 маъмури амниятии ин кишвар хабар дода буд. Зиёда аз 1000 кас ярадор шуд.
Ёдовар мешавем, ки 10 январ президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар кишвар рӯзи мотам эълон кард.
Ноамниҳо дар Қазоқистон
Эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон аз рӯзҳои аввали соли 2022 шурӯъ шуданд. Сокинони шаҳрҳои Жанаозен ва Актау дар ғарби кишвар бинобар гарон шудани нархи гази моеъ даст ба эътироз заданд.
Баъдтар эътирозҳо дар дигар шаҳрҳо, аз ҷумла Алмаато, пойтахти кӯҳна ва калонтарин шаҳри ҷумҳурӣ паҳн шуданд: дар он ҷо ғоратгарӣ оғоз шуд, ҷангҷӯён ба муассисаҳои давлатӣ ҳамла карданд, силоҳро гирифтанд. Дар посух мақомот то 19 январ дар саросари кишвар вазъияти изтирорӣ эълон намуда, амалиёти зиддитеррористӣ оғоз кард.
Ба иттилои СММ, дар ҷараёни эътирозҳо дар Қазоқистон ҳудуди 1000 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, 18 корманди амниятӣ кушта шуданд.
Субҳи 5 январ раисиҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ҳукуматро барканор кард ва раиси Шӯрои Амният шуд. Тоқаев дар нахустин ҷаласаи Шӯрои Амният таҳти раҳбарии ӯ вазъ дар Қазоқистонро поймол кардани якпорчагии давлат хонда ва гуфтааст, ки аз СААД "барои рафъи хатари террористӣ" кумак хостааст.
Рӯзи 7 январ Тоқаев эълон кард, ки террористҳо, аз ҷумла онҳое, ки аз хориҷ омада буданд, муқовиматро идома медиҳанд ва ваъда дод, ки онҳоеро, ки силоҳ нагузоштаанд, нобуд хоҳанд кард. Илова бар ин, президент қайд кард, ки тамоми дархостҳои шаҳрвандон шунида шуданд.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)