Толибон бархе аз кормандони Бонки Ҷаҳониро барканор карданд
Вазорати бозсозӣ ва рушди деҳоти Афғонистон шуморе аз кормандони Бонки Ҷаҳонӣ дар Афғонистонро ба далели набуди пул барои пардохти маош, ки дар ин шӯъба кор мекарданд, аз кор барканор кард, хабар додааст як манбаъ ба РИА Новости бо такя ба номаи вазорат.
"Бале, ман ин номаро дидам. Теъдоди коргарони қарордодии Бонки Ҷаҳонӣ ба 15 ҳазор нафар мерасад. Сарнавишти онҳо то ҳол маълум нест. Толибон дар посух гуфтанд, ки дар соли нав наметавонанд маошашонро пардохт кунанд. Интизори посухи Бонки Ҷаҳонӣ ҳастанд", — гуфт намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ, ки дар Вазорати барқарорсозӣ ва рушди деҳоти Афғонистон кор мекунад.
Дар баробари ин, шумораи мушаххаси коргарон, ки аз вазифа озод мешаванд, гуфта нашудааст.
Дафтари сиёсии Толибон ҳамчунин қайд кард, ки як комиссияи муштарак таъсис дода мешавад, ки ба он аз ҷумла Бонки марказии Афғонистон ва ҳамчунин МРРД шомиланд, ки ба масъалаи пардохт ба кормандони барканоршуда машғул хоҳанд шуд.
Бисёре аз афғонҳо, аз ҷумла, хизматчиёни давлатӣ, кормандони Созмони Милал ва Бонки Ҷаҳонӣ, кормандони маориф ва тандурустӣ моҳҳо боз маош намегиранд. Садҳо табибон ва кормандони корпоратсияи давлатии энержӣ дар Кобул алайҳи таъхири пардохти маош эътироз карданд.
Вазири корҳои хориҷӣ Амирхон Муттақӣ гуфт, ки таъхир дар пардохтҳо ба тақрибан ним миллион корманди давлатӣ таъсир кардааст.
Фурудгоҳи Байналмилалии Кобул Ҳоҷӣ Раваш - РИА Новости, 1920, 24.12.2021 Дирӯз, 22:15 ВАО: Туркия ва Қатар бо Толибон дар мавриди идораи фурудгоҳи Кобул розӣ ҳастанд
Барои мубориза бо буҳрони башарӣ дар Афғонистон, Бонки Ҷаҳонӣ, ки сандуқи бозсозии ин кишварро идора мекунад, аз тахсиси 280 миллион доллар ба сохторҳои СММ барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон хабар дод.
Гирандагони ин маблағ ЮНИСЕФ ва Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ мебошанд, ки то охири моҳи декабр мутаносибан 100 ва 180 миллион доллар дарёфт хоҳанд кард.
Дар авоили моҳи август Толибон ҳамлаи худро алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дода, рӯзи 15 август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.
Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Дар авоили моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистон бо раҳбарии Муҳаммад Ҳасан Охунд эълон шуд, ки дар замони ҳукмронии нахустини nолибон вазири хориҷа буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)