< Расонаҳо: Тоҷикистонӣ дар Русия бо иттиҳоми таҷовузу гаравгонгирии се духтар дастгир шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Расонаҳо: Тоҷикистонӣ дар Русия бо иттиҳоми таҷовузу гаравгонгирии се духтар дастгир шуд

Расонаҳо: Тоҷикистонӣ дар Русия бо иттиҳоми таҷовузу гаравгонгирии се духтар дастгир шуд
Дар Русия як шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистон боздошт шудааст, ки ба гаравгон гирифтани се духтар ва ҳамзамон таҷовуз ба номус гумонбар мешавад.

Расонаҳои Русия хабар медиҳанд, муттаҳам дар ҳоле боздошт шуд, ки як гаравгони ӯ ба хотири раҳоӣ ёфтан аз қабати чоруми бинои истиқоматӣ худро ба замин партофт.

Дар видеоҳое, ки расонаҳо паҳн намудаанд, лаҳзаи ба замин сарозер шудани ӯ дида мешавад. Ҳамчунин дида мешавад, як мард бо болопӯши сурх ва дар даст олоте ба мисли корд бо таъқиби ӯ берун баромада, чанд зарбаи сахт ба духтар мезанад.

Гуфта мешавад, пас аз он ки кормандони пулис ӯро боздошт карданд, аз манзилаш боз ду духтари дигар пайдо намуданд, ки ҳар ду дастабаста буданд.

Расонаҳо аз боздоштшуда Толибҷон Аминов ном бурдаанд. Ҳоло сафорати Тоҷикистон дар Русия ин қазияро шарҳ надодааст. Дар ҳамин ҳол расонаҳои Тоҷикистон менависанд, ки феълан аз сӯйи мақомотҳои марбутаи Русия унвонии сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар дар робита ба ин ҳодиса ҳич мактубе ворид нашудааст.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий