
21.09.2019 шаҳрванд Кулобов Валиҷон Маҷидович 1981 с/т, миллаташ тоҷик, соҳибкори инфиродӣ, истиқоматкунандаи маҳаллаи Нонбои-поён х.39 ба ШВКД шаҳри Кӯлоб муроҷиат намуд, ки моҳи сентябри соли 2019 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба дукони фурӯши либосҳои кӯдакона, воқеъ дар бозори “Саховат”-и ш.Кулоб даромада, аз он ҷо либосҳои духтарона ва бачагонаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 30.000-сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Ашуров Муҳаммадҷон Ҷумъахонович 1987 с/т, миллаташ тоҷик, донишҷӯи соли 1-уми Донишгоҳи давлатии ш.Кулоб, сардори дастаи якуми муҳофизони ҶДММ “Титан-К” дар вил. Хатлон, истиқоматкунандаи кӯч. Гагарин х.149, дастгир карда шуд. Далелҳои шайъӣ гирифта шуд.
Комментарии (0)