Рақси мардуми Кӯлоб дар назди Эмомалӣ Раҳмон - видео
Сурудҳои марғуби аҳли фарҳанги шаҳри Кӯлоб ба муносибати солгарди 28 — уми Истиқлоли давлатӣ, мардумро ба ваҷд оварду ба рақсидан водор кард
Шоми рӯзи 11 сентябр, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб дар чорабинии идона ба ифтихори солгарди 28 — уми Истиқлоли давлатӣ ширкат ва суханронӣ кард.
Эмомалӣ Раҳмон кулли сокинони шаҳри бостонии Кӯлобро ба муносибати ҷашни истиқлол ва ба кор андохтани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” табрику таҳният гуфт.
Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми меҳмоннавози шаҳри Кӯлоб барои истиқболи гарму самимӣ, ҷонибдории сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ карда, ба шаҳри бостонӣ шукуфоӣ ва ба сокинони шарафмандаш барору комёбӣ орзу намуданд.
Баъд аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ солгарди 28 — уми Истиқлолияти давлатӣ барномаи рангини консертӣ бо иштироки устодони санъат ва санъаткорони шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.
Мусиқии хуши кӯҳистонӣ хурду бузурги Кӯлобро ба ваҷд овард.
Аз навор дида мешавад, чигуна мардумм таҳти навои марғуб покӯбӣ мекунанд.
Лаҳзаҳо аз барномаи консертӣ дар амфитеатри шаҳри Кӯлоб 11.09.2019Лаҳзаҳо аз барномаи консертӣ дар амфитеатри шаҳри Кӯлоб 11.09.2019
Geplaatst door Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон op Vrijdag 13 september 2019
Комментарии (0)