< Дар сарҳади Қазоқистону Чин шаҳрванди Тоҷикистон бо 57 000 доллар боздошт шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар сарҳади Қазоқистону Чин шаҳрванди Тоҷикистон бо 57 000 доллар боздошт шуд

Дар сарҳади Қазоқистону Чин шаҳрванди Тоҷикистон бо 57 000 доллар боздошт шуд
Шаҳрванди Тоҷикистонро кормандони гумрук аснои убур намудани сарҳади Қазоқистон ба Чин бо пули нақди бе таҳияи асноди лозима, дастгир намуданд

Кормандони гумрук як шаҳрванди Тоҷикистонро дар марзи Қазоқистон ба Чин дар ҳоле боздошт намуданд, ки ӯ мехост ҳамроҳ бо худ наздики 57 000 доллар бидуни қайд интиқол диҳад, хабар медиҳад Tengrinews.kz бо истинод ба маълумоти  намояндаи нуқтаи гузаргоҳи сарҳадии "Алтинкол" Бекен Нураҳмадов.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрванди Тоҷикистон дар боғоҷи худ 1500 доллари амрикоӣ, 21489 500 тенге ва 3 500 соми қирғизӣ дошта мехост бидуни ба расмиятдарорӣ ин миқдор маблағро аз сарҳади Қазоқистон ба ватан интиқол диҳад.

Манбаъ меафзояд, феълан  шаҳрванди Тоҷикистон мутобиқи қисми 3 моддаи 551 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Қазоқистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда,  ӯро ба миқдори 10 нишондиҳандаи ҳисобҳо ҷарима намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки чанде қабл як шаҳрванди дигари Тоҷикистон низ мехост бе асноди лозима аз фурудгоҳи Екатеренбург, 52 ҳазор доллари амрикоӣ ба ватан интиқол диҳад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий