< ЛАТУ КӮБИ КОРМАНДОНИ ШИРКАТИ “ФАРОЗ” » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ЛАТУ КӮБИ КОРМАНДОНИ ШИРКАТИ “ФАРОЗ”

ЛАТУ КӮБИ КОРМАНДОНИ ШИРКАТИ “ФАРОЗ”
23.08.2019  тахминан соати 02.30-дақиқа шахсони номаълум ба хонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳасан Муҳаммад 1996 с/т ва  Маҷид Абдулҳамид 1996 с/т, кормандони ширкати “Фароз”, муваққатан истиқоматкунандагони ҷ/д Эсанбой, деҳ. Ганҷина даромада, онҳоро лату кӯб намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷа номбурдагон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии н.Рӯдакӣ бистарӣ гардидаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. Барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида шуда истодаанд. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий