< Ба Раҳмон гуфтанд, сокинони Мастчоҳ дар Кони Ғузн маоши хуб мегиранд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ба Раҳмон гуфтанд, сокинони Мастчоҳ дар Кони Ғузн маоши хуб мегиранд

Ба Раҳмон гуфтанд, сокинони Мастчоҳ дар Кони Ғузн маоши хуб мегиранд
Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо кори Кони ангишти Ғузн ошно шудааст

Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар муаррифии Кони ангишти Ғузни Ҷамъияти масъулияти маҳдуди "Қудрат 2010" ширкат кардааст.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, ба Раҳмон иттилоъ додаанд, ки Корхонаи ангишти Ғузн соли 2017 таъсис ёфтааст.

"Айни ҳол дар корхона 35 нафар сокинони маҳаллӣ дар ҷараёни истихроҷи ангишт ба кор чалб карда шуда, бо маоши хуб таъмин гардидаанд", - гуфтаанд ба раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Тибқи маълумоти котиботи раисиҷумҳур, корхона дар як сол то 10 ҳазор тонна иқтидори истеҳсолии истихроҷи ангиштро доро мебошад.

Роҳбарияти корхонаи ангишти Ғузн ният доранд бо ворид намудани технологияҳои муосир иқтидори истеҳсолии корхонаро то 100 ҳазор тонна зиёд карда, ҳаҷми истихроҷи ангиштро бештар намоянд ва 120 нафарро бо ҷойи кор таъмин кунанд.

Тибқи маълумоти тадқиқотӣ, захираи умумии ангишт дар кони Ғузн 27 миллион тонна мебошад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий