< Нархи "КАЙҲОН"-ии таҳсил дар донишгоҳҳо...“Говамро фурӯхта фарзандамро мехононам” (Видео) » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Нархи "КАЙҲОН"-ии таҳсил дар донишгоҳҳо...“Говамро фурӯхта фарзандамро мехононам” (Видео)

Нархи "КАЙҲОН"-ии таҳсил дар донишгоҳҳо...“Говамро фурӯхта фарзандамро мехононам” (Видео)
Имсол тибқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 58 ҳазору 737 нафар унвони донишҷӯиро соҳиб шудаанд. Дар тамоми донишкада ва донишгоҳҳои олӣ даври қабули ҳуҷҷатсупорӣ аз 4 август оғоз шуда ва то 15 августи соли равон поён ёфт.

Тӯли чанд соли охир довталабон баъд аз оне, ки ба факултетҳои донишгоҳҳои кишвар дохил мешаванд, бо сабаби надоштани имкониятҳои молӣ ва пардохти маблағи шартнома ба шӯъбаи фосилавӣ мегузаранд ё донишгоҳро тарк мекунанд.

Тавре аз рафти ҳуҷҷатсупорӣ донишҷӯён дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ба назар расид қисми зиёди волидон аз маблағи шартномаи баланди донишгоҳ изҳори нигаронӣ карданд. 

Ва баъзеи онҳо бидуни сабти видеои ба мо гуфтанд, ки имкони пардохти пули гарони шартномаро надоранд, қарз карда онро пардохт мекунанд. «Худамон таҳсили хуб надоштем фарзандамон хонда соҳиби кору маълумот шавад»- мегӯяд як нафар сокини шаҳри Кӯлоб.

Маоши миёна дар Тоҷикистон 1200 сомонӣ ё 129 долларро ташкил медиҳад. Бархе гуфтанд, ки пули таҳсили шартномавии фарзандашонро аз ҳисоби маблағи шавҳарони муҳоҷири худ медиҳанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий