< Дар пайдо кардани волидони кӯдак кумак кунед - навор » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар пайдо кардани волидони кӯдак кумак кунед - навор

Дар пайдо кардани волидони кӯдак кумак кунед - навор

Илҳомиддин Қурбонов, як корбари Радиои Озодӣ бо ирсоли видеои як кӯдаке, ки дар роҳ пайдо кардаанд, аз мо хост, дар ёфтани волидонаш кумак кунем.

Дар ин видео тифли тақрибан 5-сола дида мешавад, ки мегӯяд, падараш Мирзо ва модараш Зуҳро ном дорад. Ин тифлро, ба гуфтаи муаллифони видео, дар шоҳроҳи Ваҳдат-Душанбе дар деҳаи Шаҳристони ҷамоати Гулистон пайдо кардаанд ва ду рӯз боз аст, ки касе ӯро суроғ намекунад.

Номи кӯдакро дақиқ намедонанд, чун худаш Бутон мегӯяд ва ҳам намедонад, ки дар куҷо зиндагӣ мекунад.

Муаллифони видео бо муроҷиат ба мардум мегӯянд, ки дар пайдо кардани волидони кӯдак кумак расонанд. Дар видео гуфта мешавад, писар 4 ё 5 сол дорад.

Ӯ дар деҳаи Шаҳристон дар хонаи як сокини ҳамин деҳа будааст. Илҳомиддин Қурбонов мегӯяд, касе ин кӯдакро мешиносад, ба ин рақам: +992 909 048 304 тамос гирад.

[media=blob:https://www.ozodi.org/052d2e5c-e7cc-4a9c-98b6-071d221b110b]

Сарчашма: https://www.ozodi.org/a/30109223.html

Комментарии (0)

Оставить комментарий