< ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСТРЕМИСТӢ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСТРЕМИСТӢ

ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСТРЕМИСТӢ
10.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Жураев Комилҷон Сафарович 1989 с/т, миллаташ ӯзбек, истиқоматкунандаи ҷ/д 20-солагии Истиқлол, деҳ. М.Турсунзода аз моҳи майи 2017 сол ғояҳои ҷараёни экстремистии “Салафия”-ро аз худ намуда, ба таблиғоту ташвиқоти ақидаҳои ҷараёни мазкур машғул шуда, тавассути шабакаи интернетии “Ютуб” баромадҳои аъзоёни ҷараёни “Салафия”-ро гӯш карда, оид ба ақидаҳои ҷараёни экстремистии “Салафия” маълумот пайдо намуда, онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ намудааст. Шаҳрванд Ҷураев К.С. баъди аз худ намудани ақидаҳои ҷараёни экстремистии “Салафия” ба худ хулоса баровардааст, ки ақидаҳои мазҳабии Имоми Аъзам нодуруст мебошанд ва минбаъд ба шаклу усулҳои ҷараёни экстремистии “Салафия” фаъолият намудааст. Сипас, баҳри устувор нишон додани ақидаҳои худ дар масҷиди 5-вақтаи деҳаи С.Айнӣ, ҷ/д Т.Сангини ноҳия ба номи “Имом Муслим” бо тарз ва усули ҷараёни экстремистии “Салафия” амал намуда, ба ғайр аз ин номбурда бо ҳамроҳии ҳаммаслаконаш шабона дар назди масҷиди деҳаи зикргардида ҷамъ омада, баромадҳои аъзоёни ҷараёни экстремистии “Салафия” бо номҳои “Шайх Абдулло Доғистонӣ, Абдулло Зуфар, Абу Салоҳ, Содиқ-Самарқандӣ ва Муҳаммад Хаблос-ро мавриди мутолиа қарор додаанд. Шаҳрванд Жураев К.С. айни ҳол дар Ф.Россия қарор дорад. Нисбати шаҳрванд Жураев К.С. аз тарафи ШТ РКДАМ ҶТ дар вил. Хатлон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 307 қ-2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий