< Чӣ гуна мусулмонони Покистон гови қурбониро аз "осмон" мефароранд - Видео » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Чӣ гуна мусулмонони Покистон гови қурбониро аз "осмон" мефароранд - Видео

Чӣ гуна мусулмонони Покистон гови қурбониро аз "осмон" мефароранд - Видео
Иди Қурбон (ид-ал-Адха) – яке аз идҳои асосии мусалмонон аст

Ин ҷашн дар рӯзи 10-уми моҳи Зулҳиҷҷаи тақвими қамарии исломӣ таҷлил карда мешавад.

Дар Тоҷикистон имсол бо қарори Шӯрои уламо Иди Қурбон рӯзи 11 август ҷашн гирифта мешавад.

Мусулмонони Покистон низ чун дигар намояндагони дини Ислом барои таҷлили Иди Қурбон омодагӣ мебинанд.

Тибқи қавонони дини Ислом ҳайвоне, ки қурбонӣ мешавад, бояд зебо фарбеҳ ва бузург бошад. Куштани ҳайвони лоғар, бемор ё заифу ланг дар рӯзи қурбонӣ ҷоиз нест.

Хонаводаи Иёз гови қурбониро ба таври аҷиб нигоҳубин мекунад.

Барои қурбонӣ кардан, говро солҳо бузург карда як ҳафта пеш онро бо бандҳои вижа баста ба болои бом мебардоранд.

Пасон дар рӯзи қурбонӣ говро тавассути "кран" ба замин мефароранд.

Ин анъанаест, ки ҳамасола барои тамошои он аз гӯшаю канори дунё мардум ҷамъ меояд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий