< Иди Қурбон: нархи гушт ба 60 сомонӣ расид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Иди Қурбон: нархи гушт ба 60 сомонӣ расид

Иди Қурбон: нархи гушт ба 60 сомонӣ расид
Дар вилояти Хатлон бо наздик шудани иди Қурбон арзиши гушт якбора боло рафта ба 60 сомонӣ расидаст

 Сокинони вилояти Хатлон аз ҷаҳиши якборагии арзиши маҳсулоти озуқаворӣ дар арафаи иди Қурбон изҳори нигаронӣ доранд, хабар медиҳадсомонаи "Фараж".

Бар хабари манбаъ, бо наздик шудани ин ид дар бозорҳои марказии вилояти Хатлон нарху навои маҳсулоти хӯрокворӣ аз ҷумла гушт ба якборагӣ қиммат шудааст.

Сокинони ин манотиқ мегӯянд, дар бозору мағозаҳо ҳамакнун фурӯшандаҳо гуштро ба қиммати 60 сомонӣ мефурӯшанд.

Дар баробари гушт, арзиши маҳсулоти полезӣ ва инчунин ширинӣ низ ниҳоят гарон аст, мегӯянд сокинони ин вилоят.

Манбаъ таъкид намудаст, ки ҳамасола бо фаро расидани идҳои Рамазон ва Қурбон дар бозору мағозаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла, вилояти Хатлон нархи маҳсулоти ниёзи мардум то андозае аз тарафи  соҳибкорон боло бурда мешаванд, ки ин амали онҳо мардумро нигарон мекунад.

Маврид ба зикр аст, ки имсол мусалмонони дунё рӯзи 11- уми август аз Иди Қурбон ҷашн мегиранд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий