< ДАР САФИ ИФРОТГАРОН ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН МУАЙЯН ГАРДИД » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ДАР САФИ ИФРОТГАРОН ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН МУАЙЯН ГАРДИД

ДАР САФИ ИФРОТГАРОН ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН МУАЙЯН ГАРДИД
06.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Руҳуллои Нурулло 1990 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Муҷихарф, деҳаи Зорон соли 2008 бо мақсади гирифтани таълимоти динӣ ба Ҷумҳурии Яман рафта, дар вақти таҳсил дар мадраса тавассути шахсони ба тафтишот номаълум бо ғоя ва мақсадҳои ташкилоти экстремистӣ-террористии «ДИИШ», шинос шуда, онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ намудааст. Сипас, соли 2011 шаҳрванд Руҳуллои Н. ба Ҷ.Тоҷикистон баргашта соли 2012 барои идомаи таҳсил ба Ҷ.Туркия рафта бо даъвати аъзоёни фаъоли ташкилоти экстремистӣ-террористии «ДИИШ», ба он шомил шуда то ҳол дар фаъолияти он иштирок намуда истодааст. Нисбати шаҳрванд Руҳуллои Н. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 307 иловаи 2 қ.2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий