< Сайру гашти ройгон барои кӯдакони ятим ва бесаробон дар арафи ид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сайру гашти ройгон барои кӯдакони ятим ва бесаробон дар арафи ид

Сайру гашти ройгон барои кӯдакони ятим ва бесаробон дар арафи ид
Дар арафаи ҷашни истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои кӯдакони бесаробон ва ятимон тамошои ройгон аз осорхонаҳо ва боғҳои фароғатӣ фароҳам оварда мешавад

 Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи таҷлил аз 28- умин солрӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро тасдиқ намудааст.

Тибқи муқаррароти шаҳрдори Душанбе, дар ин рӯз кӯдакони бесарпаноҳ ва ятимони кулл метавонанд ройгон ба дилхоҳ осорхона ва боғи фарҳангӣ ба таври ройгон омада тамошо кунанд.

Зимнан раиси шаҳри Душанбе қарор қабул намудаст, ки дар ҷашни мазкур дар қаламрави пойтахт бозиҳои варзишӣ, мусобиқаҳои гуногун ва ҳамчунин ҳашари умушаҳрӣ доир мешавад.

Зикр мегардад, ки ҷашни асосӣ бегоҳи рӯзи 9- уми сентябр дар “ Наврӯзгоҳ” баргузор мешавад.

Гузашта аз ин дар назар аст, ки дар арафаи ин ҷашн дар Душанбе даҳҳо иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Қобили зикр аст, ки омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки соли 2021 баргузор мешавад, аз ҳоло идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий