< Кишварҳои Халиҷи Форс ва Тоҷикистон бар зидди ифротгароӣ мубориза мебаранд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Кишварҳои Халиҷи Форс ва Тоҷикистон бар зидди ифротгароӣ мубориза мебаранд

Кишварҳои Халиҷи Форс ва Тоҷикистон бар зидди ифротгароӣ мубориза мебаранд
Тоҷикистону арабистони саудӣ зидди ифротгароӣ якҷо муроиза хоҳанд бурд

 Рӯзи 31 июл, сафири  Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Дабири кулли Шӯрои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷи Форс Абдуллатиф ибни Рошид аз-Заёнӣ мулоқот кардааст.

Бино ба гузориши ВУХ, дар вохӯрӣ масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва ғайра баррасӣ шудаанд.

"Таваҷҷуҳи зиёд ба тадбирҳои муштарак дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ зоҳир гардид", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки ҳарду ҷониб омодагии худро ба таҳким ва тавсеаи бештари ҳамкории судбахш таъкид доштанд.

Пештар хабар дода шуд, ки дар Арабистони Саудӣ рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ин масъаларо дар шаҳри Риёз сафири Тоҷикистон Заробиддин Қосимӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ дар умури дипломатияи умумӣ  Сауд ибни Солеҳ Котиб баррасӣ кард.

Комментарии (0)

Оставить комментарий