< ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР САФИ ТАШКИЛОТҲОИ ТЕРРОРИСТӢ-ЭКСТРЕМИСТИИ “ДАВЛАТИ ИСЛОМӢ” ВА “ТОЛИБОН” » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР САФИ ТАШКИЛОТҲОИ ТЕРРОРИСТӢ-ЭКСТРЕМИСТИИ “ДАВЛАТИ ИСЛОМӢ” ВА “ТОЛИБОН”

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР САФИ ТАШКИЛОТҲОИ ТЕРРОРИСТӢ-ЭКСТРЕМИСТИИ “ДАВЛАТИ ИСЛОМӢ” ВА “ТОЛИБОН”
18-уми июли соли равон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Панҷ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Сафиев Сайфулло  Шамсуллоевич 1993 с/т, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯч. Маяковсий х.8, ҳ.25,  соли 2014  бо мақсади  муҳоҷирати меҳнатӣ ба ш.Москваи ФР сафар намуда, ҳангоми дар он ҷо қарор доштанаш бо ғоя ва мақсадҳои ташкилоти экстремистӣ-террористии ба ном “Давлати-Исломӣ” шинос шуда, онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ намудааст. Баъдан, соли 2015 тавассути давлати Туркия ба давлати Сурия рафта, то ҳол дар задухӯрди мусаллаҳона ва амалиётҳои ҷангӣ ба муқобили низомиёни ҳарбии Ҳукумати давлати Сурия иштирок намуда истодааст. Нисбати  шаҳрванд Сафаров С.Ш. бо моддаи 401 иловаи-1 КҶ ҶТ аз тарафи Прокуратураи генералии ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

Инчунин, 18.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Шаҳритӯз муайян карда шуд, ки шаҳрванд Муродов Рустам Ибрагимович 1973 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/ш Шаҳритуз, кӯчаи Чаппаев, дар давраҳои ҷангҳои шаҳрвандӣ солҳои 1992-1993 бо аҳлу оилааш ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гуреза шуда, сипас соли 1997 аҳлу оилааш  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштаанд. Шаҳрванд Муродов Р.И. дар вақти дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қарор доштанаш ба ташкилоти экстремистӣ-террористи  «Толибон» шомил гашта, то инҷониб бар зидди нерӯҳои давлатии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷангида истодааст. Нисбати шаҳрванд Муродов Р.И. аз тарафи прокуратураи вилояти Хатлон  парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 401 иловаи-1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий