“Шӯрои сулҳ”, мулоқоти Трампу Зеленский ва шитоби Уиткофф ба сӯйи Путин. Дар Давос кӣ ва чӣ гуфт?
Шаби 22 ба 23-юми январ дар Маскав Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо Стив Уиткофф, фиристодаи махсуси раисҷумҳури Амрико ва Ҷаред Кушнер, соҳибкор ва домоди Доналд Трамп дар робита ба поёни ҷанг дар Украина мулоқот кард. Чанд соат пештар аз ин, Владимир Зеленский ва Доналд Трамп, раисҷумҳурони Украина ва Амрико дар ҳошияи Ҳамоиши иқтисодӣ дар Давос айнан дар ҳамин мавзуъ сӯҳбат карданд.
Тибқи иттилои Юрий Ушаков, ёвари раисҷумҳури Русия, дар мулоқоти Путин ва Уиткоффу Кушнер, ки қариб севуним соат давом кардааст, ҷонибҳо дар мавриди «таассурот ва арзёбии худ» аз мулоқоти Трамп бо Зеленский дар Давос баргузор шуд, табодули назар кардаанд.
Ҳамчунин, дар ин дидор тарафҳо барои баргузории аввалин ҷаласаи сеҷониба бо иштироки намояндаҳои Русия, Амрико ва Украина дар масъалаҳои амниятӣ ба созиш расидаанд. Қаблан Зеленский гуфта буд, ки ин нишаст рӯзҳои 23 ва 24-уми январ «дар сатҳи фаннӣ» дар шаҳри Абу-Забии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор хоҳад шуд.
Ёвари Путин музокироти шаби гузаштаро «пурмазмун, созанда, содиқона ва боэътимод» хондааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Русия дар ин гуфтугӯҳо, ҳамчунин, таъкид кардааст, ки «бе ҳаллу фасли масъалаи қаламравӣ» наметавон ба натиҷае умед баст.
«То замоне, ки ин масъала ҳал нашавад, Русия кӯшиш мекунад, ки ҳадафҳои таъинкардаи худро дар амалиёти махсуси низомӣ (Русия ҷанги худ алайҳи Украинаро амалиёти махсуси низомӣ меномад) ба даст орад», — изҳор доштааст Ушаков.Ӯ илова кардааст, ки дар музокироти Маскав масъалаҳои таъсиси «Шӯрои сулҳ», вазъи Гренландия ва дигар мавзуъҳои минтақаӣ низ муҳокима гардид.
Ҷониби Амрико то кунун дар ин маврид изҳори назар накардааст.
Зеленский: «Як сол гузашт, вале ҳеҷ чиз тағйир наёфт"Як рӯз пеш аз ин, 22-юми январ Владимир Зеленский ва Доналд Трамп дар ҳошияи Ҳамоиши иқтисодӣ дар Давос тақрибан як соат паси дарҳои баста бо ҳам гуфтугӯ доштаанд. Баъди анҷоми мулоқот, Трамп ба хабарнигорон гуфтааст, ки вохӯрӣ бо Зеленский «хуб» гузаштааст.
Ӯ пиромуни масоиле, ки баррасӣ шуданд, мушаххасан посух надода, ба саволи хабарнигорон дар робита ба паёмаш ба Путин гуфтааст, «ҷанги Русия алайҳи Украина бояд хотима ёбад».
Трамп ҳамчунин таъкид кардааст, ки ҳарду ҷониб ба сулҳ майл доранд ва Зеленский барои бастани созиш омода аст.
«Фикр мекунам, гуфта метавонем, ки мо ба ин масъала хеле наздик шудаем», — гуфтааст ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Зеленский зимни суханронӣ дар ҳамоииши Давос, ки чанде пас аз мулоқоти ӯ бо Трамп сурат гирифт, Аврупоро барои қотеъ набуданаш дар мавқеи худ дар ҷанг дар Украина интиқод кардааст.
«Аврупо то имрӯз, поёни соли чоруми ҷанги бузург, ба таври қобили қабул қотеъ нест, нерӯҳои ҳарбии худро ба андозаи лозимӣ тақвият намедиҳад ва ҳамоно аз ҳад зиёд ба Амрико такя мекунад», — гуфтааст ӯ.

Роҳбари Украина гуфтааст, ки Аврупо ба қувваҳои мусаллаҳи муттаҳид ниёз дорад ва бояд киштиҳои нафткаши новгон (флот)-и соягии Русияро боздорад. Ӯ ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки дар сурати тасмими кишварҳои аврупоӣ барои ғарқ кардани киштиҳои русӣ дар гирди Гренландия, Украина омодаи кумак аст.
Дар оғози суханронии худ дар Давос, Владимир Зеленский аз филми машҳури амрикоии «Рӯзи суғур» (Groundhog Day) ёдовар шуда, гуфтааст, ки «ҳеҷ кас намехоҳад чунин зиндагӣ кунад. Аммо мо имрӯз маҳз ҳамин гуна зиндагӣ дорем. Соли гузашта ман суханронии худро дар ин ҷо, дар Давос, бо ҷумлаи „Аврупо бояд ба ҳимояи худ қодир бошад“ анҷом додам. Як сол гузашт, вале ҳеҷ чиз тағйир наёфт».
«Шурои сулҳ"-и Трамп оё ҷойгузини СММ мешавад?Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп дар ҳошияи ҳамоиши ҷаҳонии иқтисодии Давос аз таъсиси Шӯрои сулҳ (Board of Peace) — ниҳоди нави байналмилалӣ, ки ба гуфтаи коршиносон, метавонад ҷойгузини Созмони Милали Муттаҳид (СММ) бошад, хабар дода, оинномаи онро имзо кардааст.
Ба иттилои расонаҳо, ин як шӯрои умумиҷаҳоние хоҳад буд, ки раёсати онро Доналд Трамп ба уҳда мегирад. Вазифаи раиси Шӯро интихобӣ нест ва ӯро танҳо бо истеъфои ихтиёрӣ ё дар ҳолати аз даст додани қобилияти корӣ метавон барканор кард. Трамп худ вориси худро таъин мекунад.

Дар суханронии худ Трамп гуфтааст, Шӯрои сулҳ дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои гуногун, аз ҷумла СММ фаъолият хоҳад кард. Кэролайн Ливитт, сухангӯи Кохи Сафед эълон кардааст, ки Шӯрои сулҳ акнун расман ба як созмони байналмилалӣ табдил ёфтааст.
CNN дар асоси пешнависи оинномае, ки ба дасти онҳо расидааст, менависад, ки «Шӯрои сулҳ» фаротар аз масъалаи Ғазза, ният дорад дар ҳамаи даргириҳои ҷаҳонӣ миёнҷигарӣ кунад.
Барои дарёфти узвияти якумрӣ ҳар кадом кишварҳо бояд як миллиард доллар пардохт намоянд. Барои шомил шудан ба Шӯро даъватномаи Трамп лозим буда, муҳлати узвият се сол гуфта мешавад. Кишварҳое, ки то 22-юми январи соли 2027 ба буҷети Шӯро як миллиард доллар пардохт мекунанд, узви доимӣ мегарданд. Раис метавонад давлатеро хориҷ кунад, агар аз се ду ҳиссаи аъзои Шуро зидди ин қарор овоз надиҳанд.
Чанд кишвар оинномаро пазируфтанд?Дар Форуми Давос рӯзи 22-юми январ оинномаро намояндагони беш аз 20 кишвар, аз ҷумла Баҳрайн, Марокаш, Аргентина, Арманистон, Озарбойҷон, Булғористон, Маҷористон, Индонезия, Урдун, Қазоқистон, Косово, Покистон, Парагвай, Қатар, Арабистони Саудӣ, Туркия, Аморати муттаҳидаи Арабӣ, Ӯзбекистон, Муғулистон имзо кардаанд.
Чин, Русия ва чанд кишвари дигар ҳанӯз посухи ниҳоӣ надодаанд. Дар ҳамин ҳол Трамп иддао кардааст, ки Владимир Путин низ барои узвият дар Шӯро мувофиқат кардааст ва пешниҳод додааст, ки ҳаққи узвияти якмиллиарддоллариро аз дороиҳои масдудшудаи Русия дар Амрико пардохт кунад.
Нуқтаи баҳсбарангези ин тарҳ фурӯши курсиҳои доимӣ ба маблағи 1 миллиард доллар аст. Мунаққидон Шӯрои сулҳро «клуби пулакӣ» меноманд, дар ҳоле ки ҷонибдоронаш бар ин назаранд, ки кишварҳое, ки ба ташаббусҳои ҷаҳонӣ бештар саҳм мегузоранд, бояд нуфузи бештар дошта бошанд.
Бо вуҷуди ин фишорҳо, мақомоти СММ таъкид кардаанд, ки ин созмон ҷойгоҳи худро ҳифз хоҳад кард ва «Шӯрои сулҳ» наметавонад ҷойгузини он шавад.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)