< Толибон ба пардохти маоши хизматчиёни давлатӣ сар карданд: "нафақаро ҳам медиҳем" » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Толибон ба пардохти маоши хизматчиёни давлатӣ сар карданд: "нафақаро ҳам медиҳем"

Толибон ба пардохти маоши хизматчиёни давлатӣ сар карданд: "нафақаро ҳам медиҳем"
Муҷоҳид, сухангӯи ин ҷунбиш гуфт, Толибон* аз рӯзи шанбе ба пардохти маош ба хизматчиёни давлатӣ шурӯъ мекунанд.

Бисёре аз афғонҳо, аз ҷумла, хизматчиёни давлатӣ, кормандони Созмони Милал ва Бонки Ҷаҳонӣ, кормандони маорифу тандурустӣ моҳҳо боз маош намегирифтанд. Садҳо табибон ва кормандони корпоратсияи давлатии энержӣ дар Кобул алайҳи таъхири маош эътироз карданд.

Вазири корҳои хориҷии Толибон* Амирхон Муттақи гуфт, ки таъхир дар пардохтҳо ба тақрибан ним миллион корманди давлатӣ таъсир кардааст.

"Вазорати молияи Имороти Исломӣ (ҳукумати худхондаи Толибон*) мегӯяд, ки аз имрӯз (шанбе) маоши се моҳи гузашта ба ҳамаи хизматчиёни давлатӣ пардохт мешавад", - навиштааст Муҷоҳид дар Твиттераш.

Аҳмад Валӣ Ҳакмол, намояндаи вазорати молия дар нишасти хабарие гуфт, пас аз рафъи мушкилоти фаннӣ, пардохти нафақа низ шурӯъ мешавад.

Пас аз ба дасти Толибон* гузаштани Кобул, бонкҳои ғарбӣ бо дастури Амрико дороиҳои хориҷии Афғонистонро масдуд карданд ва Сандуқи Байналмилалии Пул, Бонки Ҷаҳониву Иттиҳодияи Аврупо маблағгузории тарҳҳоро мутаваққиф карданд.

Дар он вақт дороиҳои Бонки давлатии Афғонистон 9 миллиард доллар бо асъори хориҷӣ буда, беш аз 7 миллиард доллар дар бонкҳои Амрико қарор дошт.

Дар охири моҳи сентябр Вазорати молияи ИМА эълон кард, ки ба ҳукумати ИМА, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва баъзе созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ба СММ иҷоза медиҳад, ки амалиёти маҳдуди молиявӣ бо Толибон* ва Шабакаи Ҳаққонӣ** барои рафъи эҳтиёҷоти башардӯстонаи афғонҳо сурат гирад.

Дар авоили моҳи август Толибон* ҳамлаи худро алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дода, рӯзи 15 август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.

Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳимояти артиши Амрико буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.

Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.

Дар авоили моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистон бо раҳбарии Муҳаммад Ҳасан Охунд эълон шуд, ки дар замони ҳукмронии нахустини Толибон* вазири хориҷа буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.

Ҳамакнун беш аз се моҳ аст, ки ҷангҷӯён ҳукуматро идора мекунанд, аммо то кунун ҳеҷ кишваре онҳоро ба расмият нашинохтааст.
* Барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад

** Дар Русия ҳамчун ташкилоти террористӣ мамнӯъ аст



Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий