Хадамоти махсуси кишварҳои СҲШ бинобар вазъи Афгонистон дар ҳолати омодабошанд
Хадамоти махсуси кишварҳои СҲШ робитаҳоро бинобар шиддати вазъ дар Афғонистон пурзӯр мекунанд
Хадамоти иктишофии кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) робитаҳоро дар пасманзари вазъ дар Афғонистон тақвият доданд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Хадамоти матбуоти Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ.
Хадамоти махсус ба табодули иттилоот дар бораи муқовимат бо терроризми Афғонистон шурӯъ карданд.
Ҳамин тариқ, дар қароргоҳи кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ СҲШ дар Тошканд ҷаласаи сарони воҳидҳои зиддитеррористии мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви ин созмон баргузор шуд.
"Роҳбарони ҳайатҳо ба чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар заминаи вазъ дар Афғонистон баҳо дода, оид ба масъалаҳои мубрами мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ табодули назар карданд", - омадааст дар паём.
Илова бар ин, иштирокчиён пешниҳодҳоро оид ба тақвияти ҳамкорӣ дар ин самт байни мақомоти салоҳиятдори СҲШ баррасӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан намояндаи Ӯзбакистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай Раҳматулло Нуримбетов гуфта буд, ки соли оянда тақвияти ҳамкориҳои кишварҳои узв дар самти зиддитеррористӣ муҳим хоҳад буд.
Созмони байналмилалии СҲШ соли 2001 таъсис ёфта, ба он Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Ӯзбекистон шомиланд.
Кишварҳои нозир Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон, кишварҳои шарик Арманистон, Озарбойҷон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри -Ланка мебошанд.
Илова бар ин, дар нишасти моҳи сентябри ин созмон дар Душанбе тартиби расмии қабули Эрон ба СҲШ оғоз шуд.
Комментарии (0)