Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои пешрафтаи Чину Ҷопон тақвият меёбад
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ меиҳад, ки дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории байналмилалӣ, ташкили барномаҳои табодули академии донишҷӯён ва омӯзгорони ҷонибҳо, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва илмӣ, ташкили даврҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат ва такмили ихтисос, ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ, инчунин рушди ҳамкорӣ дар самтҳои сайёҳӣ, дипломатия ва забонҳои хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҳамзамон масъалаҳои таҳияи санадҳои нави ҳамкорӣ байни донишгоҳ ва муассисаҳои таълимии Ҷопону Чин, ташкили чорабиниҳои муштараки байналмилалӣ ва густариши табодули таҷрибаи илмӣ ва академӣ баррасӣ гардиданд.
Дар анҷом ҷонибҳо барои рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобили судманд ибрози омодагӣ намуданд. Таъкид гардид, ки татбиқи ташаббусҳои муштарак метавонад барои баланд бардоштани сатҳи байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва рушди робитаҳои илмиву таълимӣ бо муассисаҳои пешрафтаи Ҷопону Чин заминаи мусоид фароҳам оварад.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)