Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Бархе роҳҳо ва бозорҳои вилоят се рӯз баста мешаванд
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти Суғд меравад. Ин хабарро як манбаъ аз ҳукумати ин вилоят ба «Азия-Плюс» тасдиқ кард, вале ҷузъиёти дигаре дар мавриди рӯзҳои сафари раисҷумҳур ироа накард.
Дар ҳамин ҳол, шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) дар Суғд гуфтааст, ки рӯзҳои 20, 22 ва 23-юми сентябр бархе роҳҳои мошингарди ин вилоят баста мешаванд. Дар эълоне, ки аз ин ниҳод ба «Азия-Плюс» ирсол шуд, гуфта мешавад, ки ин маҳдудият «бо мақсади тамини бехатарии меҳмони олиқадр ва шахсони ҳамроҳикунанда» анҷом мешавад.
Маъмулан зимни сафарҳои раисҷумҳур ба ин минтақа мақомот аз баста шудани роҳҳо бо чунин мазмун хабар медоданд.
Ба гуфтаи, шуъбаи БДА дар Суғд, дар пайи ин сафар роҳҳои зерин дар соатҳои муайян муваққтан баста мешаванд. Вале кадом соатҳо гуфта намешавад:
Мақомот аз сокинон ва меҳмонони Суғд хостааанд, ки дар рӯзҳои мазкур безарурат тавассути минтақаҳои болозикр ҳаракат накунанд.
Дар ҳамин ҳол, бархе манбаъҳои «Азия-Плюс» гуфтанд, ки рӯзҳои 20, 21, 22 ва 23-юми сентябр чанде аз бозорҳои шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла «Баракат», «Саховат», «Атуш» ва «Сомон» кор нахоҳанд кард.
Тибқи анъана, зимни сафар ба минтақаҳо бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон як қатор бинову иншооти маъмуриву хидматӣ ва корхонаҳои саноативу истеҳсолӣ ба истифода дода мешаванд. Раисҷумҳур бори охир моҳи марти соли равон бо як сафари корӣ ба вилояти Суғд рафта буд.
Сарчашма: asiaplus.news

- 20-уми сентябр: кӯчаҳои маркази шаҳри Бӯстон, шоҳроҳи Хуҷанд-Б.Ғафуров, кӯчаҳои И.Сомонӣ, К.Хуҷандӣ, Гагарини шаҳри Хуҷанд ва кӯчаи маркази ҷамоати Х.Усмонии ноҳияи Б.Ғафуров;
- 22-юми сентябр: кӯчаи маркази шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Хуҷанд-Б.Ғафуров, кӯчаҳои И.Сомонӣ, К.Хуҷандӣ, Фирдавсӣ, Гагарин, Сирдарё, маҳаллаи Навбаҳор ва Р.Набиеви шаҳри Хуҷанд;
- 23-юми сентябр: кӯчаҳои маркази шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Хуҷанд-Б.Ғафуров, кӯчаи И.Сомонӣ то чорроҳаи Р.Хоҷиев;
Мақомот аз сокинон ва меҳмонони Суғд хостааанд, ки дар рӯзҳои мазкур безарурат тавассути минтақаҳои болозикр ҳаракат накунанд.
Дар ҳамин ҳол, бархе манбаъҳои «Азия-Плюс» гуфтанд, ки рӯзҳои 20, 21, 22 ва 23-юми сентябр чанде аз бозорҳои шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла «Баракат», «Саховат», «Атуш» ва «Сомон» кор нахоҳанд кард.
Тибқи анъана, зимни сафар ба минтақаҳо бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон як қатор бинову иншооти маъмуриву хидматӣ ва корхонаҳои саноативу истеҳсолӣ ба истифода дода мешаванд. Раисҷумҳур бори охир моҳи марти соли равон бо як сафари корӣ ба вилояти Суғд рафта буд.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)