“Фокс Нюс”: Эрон ба як киштии Амрико дар Ҳурмуз ҳамла кард
Трей Йингест (Trey Yingst), хабарнигори ин шабкаи хабарӣ дар саҳифаи корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии «Х» навишт, «ду манбаъ ба ин шабака гуфтаанд, ки киштии мазкур бо Амрико шартнома дошта, дар вақти убур аз гузаргоҳи Ҳурмуз мавриди ҳамла қарор гирифтааст».
Тибқи иттилои ин расона, яке аз паҳподҳо ба киштӣ бархӯрда, бар асари бархӯрди он чанд нафар ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд. Афроди осебдида ба яке аз кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс интиқол ёфтаанд. Гуфта мешавад, ки дар ин киштӣ кормандони амрикоӣ низ ҳузур доштаанд.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)