< Созиши “Помир Энерҷӣ” ва “Брешно” барои идомаи интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Бадахшони Афғонистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Созиши “Помир Энерҷӣ” ва “Брешно” барои идомаи интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Бадахшони Афғонистон

Созиши “Помир Энерҷӣ” ва “Брешно” барои идомаи интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Бадахшони Афғонистон
Ширкати «Помир Энерҷӣ"-и Тоҷикистон ва ширкати «Брешно"-и Афғонистон барои идомаи интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба чанд ноҳияи Бадахшони Афғонистон ба тавофуқ расиданд. Ин созишномаро Амрихон Раҳим, роҳбари ширкати «Помир Энерҷӣ» ва Абдулҳақ Ҳамкор, мудири иҷроияи ширкати «Брешно» рӯзи 1-уми октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонидаанд.

Аз ширкати «Помир Энерҷӣ» рӯзи 7-уми октябр ба «Азия-Плюс» ба таври катбӣ посух доданд, ки тағйирот ба шартнома дар бораи интиқоли нерӯи барқ ба ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Бадахшони Афғонистон ба имзо расид.

«Тағйироти мазкур таъминоти нерӯи барқро ба ноҳияҳои наздисарҳадие, ки ҳоло аз шабакаҳои „Помир Энерҷӣ“ барқ мегиранд, идома медиҳад. Ширкат дар баробари муштариёни ВМКБ ҳамчунин сокинони ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Бадахшони Афғонистон, яъне Моҳи Май, Нусай, Шуғнон ва Ишкошимро бо нерӯи барқ таъмин менамояд, ки 6 ҳазору 900 муштариро дар бар мегирад», — афзуданд аз «Помир Энерҷӣ».

Манбаъ илова кард, ки ҷонибҳо розӣ шудаанд, ҳамкориро идома дода, содироти нерӯи барқро аз Тоҷикистон тавассути шабакаҳои «Помир Энерҷӣ» ба вилояти Бадахшони Афғонистон вусъат бахшанд.

«Барои ин мақсад „Помир Энерҷӣ“ дар ҳудуди ҷамоати Қозидеҳи ноҳияи Ишкошими ВМКБ зеристгоҳи 110 кВ-ро сохта, ба истифода додааст. Ин зеристгоҳ имкон медиҳад, ки нерӯи барқи изофӣ тавассути хатҳои интиқоли барқи 110 кВ ба Афғонистон содир карда шавад», — гуфтанд аз ин ширкат.
Акси марбут аз саҳифаи «Помир Энерҷӣ» дар «Фейсбук»


Ҳамчунин, ба иттилои манбаъ, дар ин дидор кашидани хати интиқоли барқи 110 кВ то маркази вилояти Бадахшони Афғонистон, шаҳри Файзобод низ баррасӣ шудааст ва «Брешно» омодагии худро барои оғози сохтмони хатҳои интиқоли барқ иброз кардааст.
«Амалишавии ин нақшаҳо имкон медиҳад, ки шумораи истифодабарандагони нерӯи барқ дар Бадахшони Афғонистон, аз ҷумла дар шаҳрҳои Файзобод ва Баҳорак, афзоиш ёбад», — гуфтанд дар «Помир Энерҷӣ».

Ширкати «Брешно» дар баёнияе, ки рӯзи 3-юми октябр нашр шуд, созишномаро «қадами муҳим дар самти густариши ҳамкориҳо, таъмини нерӯи барқ ва фароҳамсозии замина барои пешниҳоди хидматрасониҳои барқрасонӣ ба сокинони ноҳияҳои марзии вилояти Бадахшони Афғонистон» хонд.

Аз Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон рӯзи 6-уми октябр ба «Азия-Плюс» дар хусуси ин дидор гуфтанд, ки шартномаи фурӯши нерӯи барқ ҳамасола ба имзо расонида мешавад.

Хабарҳои муҳимро аз даст надиҳед

Хабарҳои фаврии Тоҷикистон — ҳамчун огоҳинома дар браузер. Бе спам, бо як пахш хомӯш мешавад.
Огоҳиномаҳоро фаъол кунедМехоҳед «Азия-Плюс"-ро дар Google бештар бинед? Моро ба манбаъҳои афзалиятнок илова кунед.

Ин ниҳод афзуд, ки барқ ба деҳаҳои ҳаммарзи шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон ва Ишкошими Тоҷикистон интиқол дода мешавад.

Бояд гуфт, ки рӯзи 30-юми сентябр Маҳмадумар Асозода, раиси «Барқи тоҷик» бо Абдулҳақ Ҳамкор, мудири иҷроияи ширкати «Брешно» зимни як дидор дар Душанбе созишномаи интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистонро баррасӣ карда буд.
Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон содироти барқро ба Афғонистон дар зимистони гузашта бо сабаби мушкилоти дохилӣ дар таъминоти барқ кам карда буд.

Содироти барқ ба Афғонистон дар доираи созишномае амалӣ мешавад, ки соли 2008 байни ду кишвар баста шудааст. Муҳлати амали ин созишнома 20 сол аст. Тарафҳо дар охири ҳар соли тақвимӣ протоколи иловагӣ имзо мекунанд, ки дар он ҳаҷми интиқол ва нархи барқ барои соли оянда муайян карда мешавад.

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 Тоҷикистон ба маблағи 283,9 млн сомонӣ, 702,7 млн кВт·соат ба Афғонистон барқ содир кардааст.
Ин дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон ҳамасола аз охири тирамоҳ то нимаи баҳор маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ мешавад. Ду соли охир он дар нимаи дуввуми моҳи сентябр оғоз мешавад. Соли гузашта сокинони кишвар аз «лимит"-и шадиди барқ нигаронӣ карда гуфтанд, ки бархе рӯзҳо дар як шабонарӯз аз 2 то 4 соат бо барқ таъмин буданду халос. Масъулини интиқолу тақсимоти барқ мушкилро ба  камобӣ рабт медоданд.

Пештар масъулини Вазорати энерҷӣ ва «Барқи тоҷик» гуфта буданд, ки то нерӯгоҳи «Роғун» пурра ба кор надарояд, «лимит"-и барқ дар кишвар боқӣ мемонад.

Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми охири худ ба парлумон гуфт, ки моҳи сентябри соли 2027 чархаи сеюми нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба истифода дода мешавад ва баъди ин кишвар ба истиқлоли энергетикӣ мерасад.

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий