< Мақомот аз тағйири қоидаҳои муҳоҷиратӣ дар Русия хабар дод » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Мақомот аз тағйири қоидаҳои муҳоҷиратӣ дар Русия хабар дод

Мақомот аз тағйири қоидаҳои муҳоҷиратӣ дар Русия хабар дод
​
 Намояндагӣ вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия хабар додааст, ки аз 1 октябри соли равон тартиби огоҳ намудани мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Русия дар бораи анҷом додани фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар асоси иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) тағийр меёбад.

Ба гуфтаи ин ниҳод, тибқи талаботи нав, тартиби пешниҳоди огоҳинома вобаста ба мақоми ҳуқуқии корфармо муайян карда мешавад.Қайд карда шудааст, ки агар муҳоҷири меҳнатӣ дар назди шахси воқеӣ кор кунад, ӯ вазифадор аст мустақилона, дар муҳлати ду моҳ аз рӯзи гирифтани патент, ба мақомоти ҳудудии ВКД Русия оид ба фаъолияти меҳнатӣ огоҳинома пешниҳод намояд.

Агар муҳоҷири меҳнатӣ дар назди шахси ҳуқуқӣ кор кунад, огоҳинома оид ба бастан ва қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ танҳо аз ҷониби корфармо ба мақомоти ҳудудии ВКД Русия дар муҳлати се рӯзи корӣ пешниҳод карда мешавад.

Намояндагӣ таъкид кардааст, ки корфармоён бояд ба риояи муҳлати муқарраргардидаи пешниҳоди огоҳинома оид ба қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бо шаҳрванди хориҷӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.

Сарчашма: sputnik.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий