Амрико барои боздоштани як ҳамлаи Эрон 80 мушак истифода кард
Рӯзномаи «Уолл Стрит Журнал» бо истинод ба мақомоти низомии амрикоӣ ва кишварҳои минтақа навишт, ки неруҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои муқобила бо ҳамлаи Эрон аз 60 то 70 мушаки Патриот ва беш аз 12 мушаки THAAD истифода намудааст.
Тибқи гузориши ин рӯзнома, шумораи мушакҳои истифодашуда барои ҳамлаи мушакии Эрон чанд баробар бештар аз мушакҳои партобшуда аз ҷониби Эрон будааст.
Тибқи навиштаи «Уолл Стрит Журнал» неруҳои амркоӣ дар ҷараёни ин амалиёт тақрибан ба андозаи захираи якҳафтаинаи мушакҳои зиддимушакии худ истифода намудаанд.
Бар асоси гузориши расонаҳо, мураккаб будани ҳамлаҳои Эрон барои системаи зиддиҳавоии Амрико мушкилоти бештар эҷод намудааст. Таъкид мешавад, ки истифодаи самтҳои мухталифи парвоз, навъҳои мухталифи мушак ва манёврҳои муайянкунии мушакҳо кори системаи зиддиҳавоии Амрикоро душвортар намудааст.
Ин нашрия иттилоъ медиҳад, ки дар ин ҳамла ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва дигар ҳавопаймоҳои воқеъ дар пойгоҳи «Муваффақ ас-Салтӣ» дар кишвари Урдун мавриди ҳадаф қарор гирифтаанд.
Ин нашрия дар ҳоле ин иттилоъро нашр мекунад, қаблан мақомоти амрикоӣ гуфта буданд, ки ба пойгоҳи мазкур зарари ҷиддӣ нарасидааст.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)