Бидуни раводид ва бастани марзҳо. Осиёи Марказӣ метавонад намунаи Шенгени худро таъсис диҳад?
Минтақаи Осиёи Марказӣ сайёҳонро бо мавзеъҳои гуногуни табиӣ ва таърихии худ ҷалб мекунад, вале сафар ба чанд кишвари минтақа бо талаби раводид сурат мегирад. Дар чунин шароит, кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи содда кардани сафарҳо ва фароҳам овардани шароити монанд ба минтақаи Шенгени Аврупоро баррасӣ мекунанд. Пешниҳодҳо дар ин бора зиёд садо медиҳанд, аммо монеаҳои ҷиддӣ вуҷуд доранд.
»Азаттик», бахши осиёимарказии Радиои Озодӣ дар ин мавзӯ як мақолаи таҳлилӣ омода кардааст, ки бо ишора ба аҳамаяти мавзуъ барои Тоҷикистон онро бо каме таҳрир бознашр мекунем.
Бермет Турсалиева, як роҳбари ширкати сайёҳӣ дар кӯҳҳои Қирғизистон барои сайёҳон сайругашт ташкил мекунад, мегӯяд, ки соҳаи сайёҳӣ ҳарчанд дар Осиёи Марказӣ умедбахш ба назар мерасад, вале назорати сангини марзӣ дар минтақа бояд сабуктар карда шавад.
"
Ӯ зикр мекунад, ки ташаббусҳои сиёсии ахири раҳбарони Осиёи Марказӣ барои содда кардани назорати марзӣ метавонад барои сайёҳонро рӯҳбаланд кунанд. Вале ба гуфтаи вай, дар гузашта чунин иқдомҳоро хадамоти бонуфузи амниятии минтақа ва ғаризаҳои худкомагӣ (авторитарӣ) бозмедоштанд.
Сафар бо Роҳи абрешимДар солҳои охир Осиёи Марказӣ ба як макони маъмули истироҳат барои сайёҳон аз кишварҳои Ғарб табдил ёфтааст, ки дар ҷустуҷӯи масирҳои маъмули сайёҳӣ ҳастанд. Аз меъмории қадимаи Роҳи абрешим то саёҳати ҳаяҷонбахши кӯҳӣ — дар ин минтақа ҳар кас метавонад барои худ чизе пайдо кунад.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои зиёде бо ҳештегҳои «#dadlore» ва «#sidequest» мавҷуд аст, ки дар онҳо ҷавонон хаймаҳо месозанд ва дар даштҳо аспсаворӣ мекунанд. Роҳбаладоне, ки саёҳати инфиродиро аз рӯи низоми «ҳамааш дохил аст» пешниҳод мекунанд, ба ниёзи онҳое, ки истироҳати бароҳаттар ва бодиққат тарҳрезишударо меҷӯянд, таваҷҷуҳ доранд.
Аммо барои сайёҳони ғарбӣ пас аз расидан ба минтақа, ҳаракат байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамоно мушкили ҷиддӣ боқӣ мемонад. Ҷолибияти боздид аз якчанд кишвар дар доираи як сафар бо сабаби арзиши баланди парвоз ва вақти тӯлонии роҳ равшан аст.
"
Чунин ақида на танҳо барои сайёҳон, балки барои Турсалиева, ки дар ин соҳа фаъолият мекунанд, низ фаҳмо аст.

Бермет Турсалиева. Акс аз Азаттик
»Аз Ӯш (Қирғизистон) онҳо метавонанд ба Ӯзбекистон ё тавассути Ботканд ба Тоҷикистон раванд. Деҳаи Зардалии Баткен худ як мавзеъи сайёҳӣ мебошад. Ҳамчунин дар вилояти Андиҷони Ӯзбекистон ва дар Самарқанд ҷойҳои таърихӣ ва мақбараҳо мавҷуданд», — шарҳ дод ӯ.
"
Бо вуҷуди ин ки бисёре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ барои сайёҳони хориҷӣ низоми бидуни раводидро ҷорӣ кардаанд, раванди гирифтани муҳри вуруд ва хуруҷ аз ҳар як кишвар дар марз, ба пайдо шудани навбатҳои тӯлонӣ боис мешавад. Қоидаҳо ва иҷозатномаҳои гуногун вазъро боз ҳам мушкилтар мекунанд.
Масалан, барои боздид аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)-и Тоҷикистон, ки қариб нисфи ҳудуди кишварро ишғол мекунад, иҷозатнома талаб карда мешавад, ҳатто агар шумо тавонед бидуни раводид ба кишвар ворид шавед. Барои боздид аз кӯлҳои Зоркӯл ва Сарез иҷозатномаҳои иловагӣ лозиманд, ки онҳоро танҳо дар дохили кишвар метавон дарёфт кард.
Ин раванди тӯлонӣ, дар баробари санҷишҳои сершуморе, ки сайёҳони хориҷӣ бояд аз онҳо гузаранд, барои онҳое, ки умед доранд яке аз зеботарин мавзеъҳои кишварро бубинанд, мушкилиҳои ҷиддӣ эҷод мекунад.
Низоми ягонаи раводид, ки танҳо як дархостро талаб мекунад ва тартиби соддашудаи гузаштан аз марз метавонад ин монеаҳоро коҳиш диҳанд.

Помири Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб барои сайёҳон шуморида мешавад. Акс аз Азаттык
»Шенгени Осиё"Рӯзи 31 -уми июли соли равон дар ҳамоиши ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои минтақа Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон дар бораи таъсиси низоми ягонаи раводид суҳбат кард.
Дар асл, ин ғояи нав нест. Бори аввал он аз ҷониби Қазоқистон соли 2018 пешниҳод шуда буд. Он вақт пешниҳод шуда буд, ки «Шенгени осиёӣ» аз рӯи намунаи Иттиҳоди Аврупо таъсис дода шавад, ки шаҳрвандони хориҷӣ байни Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон озодона ҳаракат кунанд.
Аммо пешрафт суст ва пур аз монеаҳо буд. Танҳо соли 2025 созишномае ба имзо расид, ки сарҳади дер боз мавриди баҳс қароргирифтаи сеҷониба байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекисторо муайян мекард.
Эдуард Кубатов, роҳбари Оҷонсии рушди сайёҳӣ дар Қирғизистон мегӯяд, ки корҳо барои таъсиси низоми ягона идома доранд.
"
Ҳарчанд аз сатҳи нисбатан пасти ибтидоӣ оғоз шуда бошад ҳам, сайёҳӣ тайи солҳои охир рушд мекунад.

Доманакӯҳи наздикии Алмато, Қазоқистон. Акс аз Азаттик
Тибқи таҳқиқоти «Таъсири сайёҳӣ ба иқтисоди Осиёи Марказӣ"-и Шӯрои ҷаҳонии саёҳат ва сайёҳӣ, ки моҳи июни соли 2026 пешниҳод шуд, саҳми умумии сайёҳӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Осиёи Марказӣ аз 6,7 млрд доллар дар соли 2020 то 20,1 млрд доллар дар соли 2025 афзоиш ёфтааст.
Бермет Турсалиева инро аз рӯи афзоиши таваҷҷуҳ ба сайругаштҳои кӯҳӣ мушоҳида мекунад.
»Як сол пеш вазъ дар Беш-Тош, дар Талас (дар шимолу ғарби Қирғизистон) дигар буд. Давоми як сол пешрафт ба назар мерасад. Шароити хобгоҳҳо ва хидматрасониҳои пешниҳодшаванда, инчунин сифати ғизо беҳтар шудаанд», — мегӯяд ӯ.
Лука Анчески, профессори таҳқиқоти Авруосиё дар Донишгоҳи Глазго, зикр мекунад, ки равуои озоди шаҳрвандон танҳо байни Қазоқистон ва Қирғизистон вуҷуд дорад, ки аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) мебошанд. Ба гуфтаи ӯ, бидуни равуои озоди худи шаҳрвандони Осиёи Марказӣ раводиди ягонаи сайёҳӣ ғайриимкон аст:
»Чунин низом бояд ба шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ва ҳам ба шаҳрвандони кишварҳои дигар ба таври яксон истифода шавад».
Эдвард Лемон, коршиноси амнияти Осиёи Марказӣ низ ба таъсиси ин низом бо шубҳа менигарад.
"
Бо вуҷуди он ки муносибат ба бахши сайёҳӣ дар кишвар дар аввали соли 2025 бо ҷорӣ кардани низоми раводиди электронӣ тағйир ёфт, сайёҳон дар Туркманистон аз маҳдудиятҳои сахт барои аксбардорӣ ва равуо дар дохили кишвар хабар медиҳанд. Додани раводид аксар вақт ба таври худсарона рад мешавад ва на сокинони маҳалливу на намояндагони соҳаи сайёҳӣ то ҳол афзоиши шумораи сайёҳонро пас аз ин тағйирот мушоҳида накардаанд.
Сарчашма: asiaplus.news
»Азаттик», бахши осиёимарказии Радиои Озодӣ дар ин мавзӯ як мақолаи таҳлилӣ омода кардааст, ки бо ишора ба аҳамаяти мавзуъ барои Тоҷикистон онро бо каме таҳрир бознашр мекунем.
Бермет Турсалиева, як роҳбари ширкати сайёҳӣ дар кӯҳҳои Қирғизистон барои сайёҳон сайругашт ташкил мекунад, мегӯяд, ки соҳаи сайёҳӣ ҳарчанд дар Осиёи Марказӣ умедбахш ба назар мерасад, вале назорати сангини марзӣ дар минтақа бояд сабуктар карда шавад.
"
»Агар мо бо операторони сайёҳии кишварҳои ҳамсоя ҳамкорӣ кунем ва ҳамгироии минтақавиро тақвият диҳем, этнотуризм метавонад боз ҳам беҳтар рушд кунад. Дар ин сурат мо метавонистем сафарҳои этникиро дар саросари Осиёи Марказӣ ташкил кунем», — гуфтааст Турсалиева.
Ӯ зикр мекунад, ки ташаббусҳои сиёсии ахири раҳбарони Осиёи Марказӣ барои содда кардани назорати марзӣ метавонад барои сайёҳонро рӯҳбаланд кунанд. Вале ба гуфтаи вай, дар гузашта чунин иқдомҳоро хадамоти бонуфузи амниятии минтақа ва ғаризаҳои худкомагӣ (авторитарӣ) бозмедоштанд.
Сафар бо Роҳи абрешимДар солҳои охир Осиёи Марказӣ ба як макони маъмули истироҳат барои сайёҳон аз кишварҳои Ғарб табдил ёфтааст, ки дар ҷустуҷӯи масирҳои маъмули сайёҳӣ ҳастанд. Аз меъмории қадимаи Роҳи абрешим то саёҳати ҳаяҷонбахши кӯҳӣ — дар ин минтақа ҳар кас метавонад барои худ чизе пайдо кунад.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои зиёде бо ҳештегҳои «#dadlore» ва «#sidequest» мавҷуд аст, ки дар онҳо ҷавонон хаймаҳо месозанд ва дар даштҳо аспсаворӣ мекунанд. Роҳбаладоне, ки саёҳати инфиродиро аз рӯи низоми «ҳамааш дохил аст» пешниҳод мекунанд, ба ниёзи онҳое, ки истироҳати бароҳаттар ва бодиққат тарҳрезишударо меҷӯянд, таваҷҷуҳ доранд.
Аммо барои сайёҳони ғарбӣ пас аз расидан ба минтақа, ҳаракат байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамоно мушкили ҷиддӣ боқӣ мемонад. Ҷолибияти боздид аз якчанд кишвар дар доираи як сафар бо сабаби арзиши баланди парвоз ва вақти тӯлонии роҳ равшан аст.
"
»Одамоне, ки ба ин ҷо меоянд, одатан мехоҳанд ҳамзамон аз ду ё се кишвар боздид кунанд. Осиёи Марказӣ аз бузургтарин марказҳои сайёҳии ҷаҳон дур ҷойгир аст ва расидан ба ин минтақа вақти зиёдро талаб мекунад. Мантиқӣ аст, ки сайёҳ… мехоҳад дар як муддати кӯтоҳ чизҳои зиёдеро бинад», — гуфт Еркин Тикенов.
Чунин ақида на танҳо барои сайёҳон, балки барои Турсалиева, ки дар ин соҳа фаъолият мекунанд, низ фаҳмо аст.

»Аз Ӯш (Қирғизистон) онҳо метавонанд ба Ӯзбекистон ё тавассути Ботканд ба Тоҷикистон раванд. Деҳаи Зардалии Баткен худ як мавзеъи сайёҳӣ мебошад. Ҳамчунин дар вилояти Андиҷони Ӯзбекистон ва дар Самарқанд ҷойҳои таърихӣ ва мақбараҳо мавҷуданд», — шарҳ дод ӯ.
"
»Тоҷикистон мавзеъҳои фарҳангии худро пешниҳод мекунад, Қазоқистон бошад бо табибони суннатии худ маъруф аст. Мо мехоҳем ҳамаи ин ҷойҳоро нишон диҳем», — илова кард Турсалиева.
Бо вуҷуди ин ки бисёре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ барои сайёҳони хориҷӣ низоми бидуни раводидро ҷорӣ кардаанд, раванди гирифтани муҳри вуруд ва хуруҷ аз ҳар як кишвар дар марз, ба пайдо шудани навбатҳои тӯлонӣ боис мешавад. Қоидаҳо ва иҷозатномаҳои гуногун вазъро боз ҳам мушкилтар мекунанд.
Масалан, барои боздид аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)-и Тоҷикистон, ки қариб нисфи ҳудуди кишварро ишғол мекунад, иҷозатнома талаб карда мешавад, ҳатто агар шумо тавонед бидуни раводид ба кишвар ворид шавед. Барои боздид аз кӯлҳои Зоркӯл ва Сарез иҷозатномаҳои иловагӣ лозиманд, ки онҳоро танҳо дар дохили кишвар метавон дарёфт кард.
Ин раванди тӯлонӣ, дар баробари санҷишҳои сершуморе, ки сайёҳони хориҷӣ бояд аз онҳо гузаранд, барои онҳое, ки умед доранд яке аз зеботарин мавзеъҳои кишварро бубинанд, мушкилиҳои ҷиддӣ эҷод мекунад.
Низоми ягонаи раводид, ки танҳо як дархостро талаб мекунад ва тартиби соддашудаи гузаштан аз марз метавонад ин монеаҳоро коҳиш диҳанд.

»Шенгени Осиё"Рӯзи 31 -уми июли соли равон дар ҳамоиши ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои минтақа Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон дар бораи таъсиси низоми ягонаи раводид суҳбат кард.
Дар асл, ин ғояи нав нест. Бори аввал он аз ҷониби Қазоқистон соли 2018 пешниҳод шуда буд. Он вақт пешниҳод шуда буд, ки «Шенгени осиёӣ» аз рӯи намунаи Иттиҳоди Аврупо таъсис дода шавад, ки шаҳрвандони хориҷӣ байни Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон озодона ҳаракат кунанд.
Аммо пешрафт суст ва пур аз монеаҳо буд. Танҳо соли 2025 созишномае ба имзо расид, ки сарҳади дер боз мавриди баҳс қароргирифтаи сеҷониба байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекисторо муайян мекард.
Эдуард Кубатов, роҳбари Оҷонсии рушди сайёҳӣ дар Қирғизистон мегӯяд, ки корҳо барои таъсиси низоми ягона идома доранд.
"
»Ин ҳамгироии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Осиёи Марказиро тақвият медиҳад ва убури бехатари марзҳоро осон мекунад. Ҳоло мо бо Ӯзбекистон музокирот дорем, онҳо омодаанд, ки дастгирӣ кунанд. Ҳамчунин мо бо Қазоқистон ва Тоҷикистон гуфтушунид дорем», — гуфт ӯ.
Ҳарчанд аз сатҳи нисбатан пасти ибтидоӣ оғоз шуда бошад ҳам, сайёҳӣ тайи солҳои охир рушд мекунад.

Тибқи таҳқиқоти «Таъсири сайёҳӣ ба иқтисоди Осиёи Марказӣ"-и Шӯрои ҷаҳонии саёҳат ва сайёҳӣ, ки моҳи июни соли 2026 пешниҳод шуд, саҳми умумии сайёҳӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Осиёи Марказӣ аз 6,7 млрд доллар дар соли 2020 то 20,1 млрд доллар дар соли 2025 афзоиш ёфтааст.
Бермет Турсалиева инро аз рӯи афзоиши таваҷҷуҳ ба сайругаштҳои кӯҳӣ мушоҳида мекунад.
»Як сол пеш вазъ дар Беш-Тош, дар Талас (дар шимолу ғарби Қирғизистон) дигар буд. Давоми як сол пешрафт ба назар мерасад. Шароити хобгоҳҳо ва хидматрасониҳои пешниҳодшаванда, инчунин сифати ғизо беҳтар шудаанд», — мегӯяд ӯ.
Лука Анчески, профессори таҳқиқоти Авруосиё дар Донишгоҳи Глазго, зикр мекунад, ки равуои озоди шаҳрвандон танҳо байни Қазоқистон ва Қирғизистон вуҷуд дорад, ки аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) мебошанд. Ба гуфтаи ӯ, бидуни равуои озоди худи шаҳрвандони Осиёи Марказӣ раводиди ягонаи сайёҳӣ ғайриимкон аст:
»Чунин низом бояд ба шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ва ҳам ба шаҳрвандони кишварҳои дигар ба таври яксон истифода шавад».
Эдвард Лемон, коршиноси амнияти Осиёи Марказӣ низ ба таъсиси ин низом бо шубҳа менигарад.
"
»Ба гумон аст, ки Туркманистон ба чунин тарҳ ҳамроҳ шавад. Он яке аз кишварҳои пӯшидаи ҷаҳон боқӣ мемонад ва ворид шудан ба он хеле душвор аст. Тоҷикистон низ амнияти марзҳоро ҳамчун сабаби мушкил будани нисбии боздид аз кишвар истифода мебарад», — гуфт ӯ.
Бо вуҷуди он ки муносибат ба бахши сайёҳӣ дар кишвар дар аввали соли 2025 бо ҷорӣ кардани низоми раводиди электронӣ тағйир ёфт, сайёҳон дар Туркманистон аз маҳдудиятҳои сахт барои аксбардорӣ ва равуо дар дохили кишвар хабар медиҳанд. Додани раводид аксар вақт ба таври худсарона рад мешавад ва на сокинони маҳалливу на намояндагони соҳаи сайёҳӣ то ҳол афзоиши шумораи сайёҳонро пас аз ин тағйирот мушоҳида накардаанд.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)