< Ҷангандаи F-15-и Арабистони Саудӣ дар осмони Яман сарнагун шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҷангандаи F-15-и Арабистони Саудӣ дар осмони Яман сарнагун шуд

Ҷангандаи F-15-и Арабистони Саудӣ дар осмони Яман сарнагун шуд
Дар ин хусус расонаҳои арабӣ хабар дода, тасдиқ намуданд, ки ҳавопаймои ҷангии Арабистони Саудӣ бо мушаки замин ба ҳаво мавриди ҳадаф қарор гирифтааст.

Яҳё Сареъ, сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман, рӯзи чоршанбе бо нашри як изҳорот гуфт, ки ҳавопаймои ҷангии Арабистони Саудӣ дар вақти «анҷом додани амалиёти душманона» сарнагун карда шуд.

Ӯ гуфт, ки неруҳои мусаллаҳи Яман бо ҷангандаҳои «F-15» ва «Тайфун"-и Саудӣ мубориза намуданд ва ин ҳавопаймоҳо маҷбур шуданд, ки осмони Яманро тарк кунанд. Ӯ таъкид кард, ки баъди сарнагун шудани ҳавопаймо, неруҳои ҳавоии Арабистони Саудӣ барои ҷустуҷӯи ҳавопаймои сарнагуншуда амалиёт анҷом доданд.

Тибқи гузориши расонаҳо, дар рӯзҳои ахир ҷангандаҳои Саудӣ беш аз 450 ҳамлаи ҳавоӣ  дар вилоятҳои мухталифи Яман, аз ҷумла Таиз, Лаҷ, Ҷавф, Ҳаҷҷа, Мариб, Саъда ва Байзо анҷом додаанд.

Ин хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки Арабистони Саудӣ расман хабари сарнагун шудани ҳавопаймои ҷангии худро тасдиқ накардааст.


Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий