< Амрико ба таҳримҳои нави зидди Русия ва Эрон роҳ мекушояд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Амрико ба таҳримҳои нави зидди Русия ва Эрон роҳ мекушояд

Амрико ба таҳримҳои нави зидди Русия ва Эрон роҳ мекушояд
​Бино ба гузориши «Спутник», ба ин қатънома 214 қонунгузори амрикоӣ раъйи мусбат ва 211 нафар раъйи манфӣ додаанд.
Ҷаред Голден ва Мари Глусенкамп Перес, ду намояндаи демократ  бо вуҷуди мухолифати бархе аз ҳамҳизбони худ, ба ҷумҳурихоҳон дар пуштибонӣ аз қатънома ҳамроҳ шуданд.

Моҳи август Сенати ИМА низ тарҳи таҳримҳои нав алайҳи Русия ва Эронро қабул карда буд. Ин тарҳ аз ҷониби сенатор Линдси Грэм пешниҳод шудааст.

Бар асоси ин тарҳ, пешниҳод шудааст, ки барои панҷ харидори бузурги маҳсулоти энержии Русия ва Эрон боҷи 100-фоиза ва барои тамоми воридоти Русия ба ИМА боҷи 500-фоиза ҷорӣ шавад.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий