< Донишҷӯёни эътирозгари Кореяи Ҷанубӣ вориди пойгоҳи ҳавоии Амрико шуданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Донишҷӯёни эътирозгари Кореяи Ҷанубӣ вориди пойгоҳи ҳавоии Амрико шуданд

Донишҷӯёни эътирозгари Кореяи Ҷанубӣ вориди пойгоҳи ҳавоии Амрико шуданд
​Ба гузориши «Ёнҳап» (Yonhap), бо нақл аз пулиси Кореяи Ҷанубӣ, ҳашт фаъоли донишҷӯи либерал рӯзи сешанбе пас аз нуфуз ба пойгоҳи ҳавоии артиши Амрико дар шаҳри Пхёнтхэк, воқеъ дар 60-километрии ҷануби Сеул, боздошт шуданд.

Бар асоси ин гузориш, ҳамаи боздоштшудагон узви «Иттиҳоди донишҷӯёни донишгоҳҳои пешрафтаи Корея» будаанд. Онҳо соати 10:15 ба вақти маҳаллӣ аз дарвозаи асосии Пойгоҳи ҳавоии «K-55 Osan» вориди ин пойгоҳ шудаанд.

Расонаҳои Кореяи Ҷанубӣ навиштаанд, ки шаш нафар аз ин донишҷӯён ҳангоми ворид шудан ба дохили пойгоҳ шиорҳои зиддиамрикоӣ, аз ҷумла «Неруи ҳавоии ҳафтуми Иёлоти Муттаҳидаро нобуд кунед», сар додаанд.

Ба гуфтаи «Ёнҳап» (Yonhap), неруҳои амрикоии мустақар дар Кореяи Ҷанубӣ ин фаъолонро дар маҳалли ҳодиса боздошт карда, сипас ба полиси Кореяи Ҷанубӣ таҳвил додаанд.

Полис гуфтааст, ки ангезаи дақиқи ин эътироз ҳанӯз рӯшан нест, аммо таҳқиқот дар робита ба эҳтимоли нақзи қонуни бехатарӣ аз таъсисоти низомӣ оғоз шудааст.

Ин ҳодиса дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта дар дохили ҳамин пойгоҳи ҳавоӣ ихроҷи фосфори сафед рух дода буд ва аз сокинони минтақаҳои атроф хоста шуд, ки маҳалли зисти худро муваққатан тарк кунанд.

Ҳамзамон бо ин рӯйдод, гурӯҳе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назди сафорати Амрико дар шаҳри Сеул тазоҳурот баргузор карда, хостори боздоштани баргузории размоиши муштараки солонаи Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ шуданд.

Эътироз ба ҳузури пойгоҳҳои низомии Амрико ва истиқрори неруҳои ин кишвар дар Кореяи Ҷанубӣ пештар низ борҳо сурат гирифтааст. Аз ҷумла, дар моҳи октябри соли 2019 чанд донишҷӯи кореягӣ пас аз ворид шудан ба қароргоҳи сафири Амрико дар Сеул боздошт шуда буданд.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий