< Се медали каратекорони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Қазоқистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Се медали каратекорони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Қазоқистон

Се медали каратекорони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Қазоқистон
Мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии 11-уми карате WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актави Қазоқистон доир гардид, ду тилло ва як нуқра ба даст оварданд. Дар ин бора тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба итилои манбаъ, аз ҷмула, Муҳаммад Мирзозода (вазни 55 кг) ва Алишер Султонов (60 кг) зинаи авввалро касб караанд. Махсатулло Муминов (вазни 55 кг) зинаи дуюмро гирифт.

Мусобиқа ҳудуди 500 варзишгарро аз 6 кишвар – Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон гирдиҳам овард. Варзишгарон дар навъҳои ката (маҳорати техникӣ) ва кумитэ (рақобатҳо) миёни категорияҳои гуногуни вазнҳо – аз наврасон (кадет) то калонсолон ҳунарнамоӣ карданд.

Акс аз ҷониби аъзои дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ пешниҳод шуд
        
“Комёбӣ дар ин мусобиқа на танҳо медал, балки қадами муҳим барои рушди карате дар кишвар маҳсуб меёбад. Чунин мусобиқаҳо имкон медиҳанд, ки варзишгарон таҷрибаи байналмилалӣ андӯхта, ситоди мураббиён омодагии тими мунтахабро ба мусобиқаҳои бузург арзёбӣ кунанд”, – зикр кардаанд дар тими мунтахаби Тоҷикистон.

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий