Сафорати Чин дар Амрико: Вашингтон бояд аз таҳдид ва бадномсозии ширкатҳои чинӣ даст бардорад
Ба гузориши «Ройтерз» (Reuters), сафорати Чин дар баёнияе гуфтааст, ки Пекин аз Иёлоти Муттаҳида мехоҳад ба дидгоҳҳои воқеъбинона ва мантиқии ҷомеаҳои тиҷоратии ҳарду кишвар гӯш диҳад ва аз фишор болои ширкатҳои чинӣ худдорӣ кунад.
Дар ин баёния таъкид шудааст, ки Чин дар сурати ворид шудани ҳар гуна зиёни моддӣ ба манофеи худ, тамоми иқдомҳои лозимро анҷом хоҳад дод.
Ин вокуниш дар ҳоле баён мешавад, ки тибқи гузориши «Ройтерз», давлати Трамп дар ҳоли таҳияи пешнависи қонунест, ки воридоти насли нави қисмҳои маркази маълумот (Data Center)-и сохти Чин, аз ҷумла интиқолдиҳандаҳои нурии маълумот (оптикӣ)-ро ба Амрико манъ мекунад. Вашингтон мегӯяд, ки ин иқдом барои ҳифзи зерсохтҳои марбут ба рушди ҳуши маснуӣ ва амнияти миллӣ анҷом мешавад.
Бар асоси гузориш, Комиссияи федеролии иртибототи Амрико (FCC) низ рӯи маҳдуд кардани воридоти таҷҳизоти нави чинӣ кор мекунад. Ин таҷҳизот барои интиқоли босуръати додаҳо тавассути шабакаҳои нахи нурӣ дар маркази додаҳо истифода мешаванд.
Гузориш меафзояд, ки ҳарчанд Комиссияи федералии иртибототи Амрико метавонад ин маҳдудиятҳоро тағйир диҳад ё лағв кунад, аммо ин иқдом бахше аз сиёсати густардаи давлати Трамп барои маҳдуд сохтани нуфузи ширкатҳои чинӣ дар бахшҳои пешрафтаи технологии Амрико арзёбӣ мешавад.
Пеш аз ин низ Иёлоти Муттаҳида дар идомаи маҳдудиятҳои фанноварона алайҳи Чин воридоти роботҳои инсоннамо, роботҳои чаҳорпо ва бархе таҷҳизоти дигарро манъ карда буд. Вашингтон ин тасмимҳоро бо нигарониҳои марбут ба амнияти миллӣ, эҳтимоли ҷосусӣ, дуздии додаҳо ва анҷоми ҳамлаҳои киберӣ тавҷеҳ кардааст.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)