< Тоҷикистон ба сегонаи кишварҳое шомил шуд, ки ӯзбекистониҳо бештар ба он сафар мекунанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тоҷикистон ба сегонаи кишварҳое шомил шуд, ки ӯзбекистониҳо бештар ба он сафар мекунанд

Тоҷикистон ба сегонаи кишварҳое шомил шуд, ки ӯзбекистониҳо бештар ба он сафар мекунанд
Дар нуҳ моҳ (январ–сентябр)-и соли равон 983,7 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон ҳамчун сайёҳ ба Тоҷикистон омадаанд. Ин дар ҳолест, ки дар ин давра 2,2 млн шаҳрванди Тоҷикистон бо мақсади сайёҳӣ ба Ӯзбекистон сафар кардаанд: фарқият 2,3 баробар. Дар ин бора Кумитаи миллии омори Ӯзбекистонхабар додааст.


Тоҷикистон ба сегонаи кишварҳое шомил аст, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон бештар ба он сафар мекунанд. Тибқи иттилои расмӣ, ӯзбекистониҳо бештар ба Қирғизистон — 2,72 млн, Қазоқистон — 1,07 млн ва Тоҷикистон — 983,7 ҳазор рафтаанд.

Ҳамчунин, дар ин давра 281,6 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон ба Русия, 239,4 ҳазор нафар ба Туркия ва 209,1 ҳазор нафар  ба Арабистони Саудӣ сафар кардаанд.

Аз рӯи шумораи сафарҳо ба Ӯзбекистон, Тоҷикистон пас аз Қирғизистон (2,84 млн) ва Қазоқистон (2,4 млн) дар ҷойи сеюм қарор дорад.
Чӣ қадар сайёҳ ба Тоҷикистон меоянд?Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳииТоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли 2026 ба кишвар 1 млн 63,4 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ сафар кардаанд, ки аз ин 889,4 ҳазор нафар ҳамчун сайёҳ сабт шудаанд. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2025 шумораи сайёҳони хориҷӣ 16,7% афзудааст.
                                                                    
Аз шумораи умумии сайёҳон 806,9 ҳазор нафар аз кишварҳои ИДМ ва 82,5 ҳазор нафари дигар аз кишварҳои хориҷи дур омадаанд. Дар нимсолаи аввал тақрибан 510,4 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон аз Тоҷикистон боздид кардаанд.                                                              
Ҳар рӯз беш аз 4 ҳазор нафарҚаблан, дар нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Турсунзода аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи аввали соли 2026 иттилоъ дода шуда буд, ки  ҳар рӯз аз гузаргоҳи сарҳадии “Дӯстӣ” дар ҳар ду самт беш аз 4 ҳазор нафар убур мекунанд.

Равуои одамон дар яке аз гузаргоҳоии марзии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон
Равуои одамон дар яке аз гузаргоҳоии марзии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон. Акс аз asia+


Ба гуфтаи масъулини ин шаҳр, шаҳрвандони Ӯзбекистон барои харидани техникаи маишӣ, аз ҷумла телевизор, чангкашак ва серунсоз (кондитсионер), ҳамчунин либос ба Турсунзода меоянд.

Мехоҳед «Азия-Плюс»-ро дар Google бештар бинед? Моро ба манбаъҳои афзалиятнок илова кунед.

Сокинони Тоҷикистон аз Ӯзбекистон тухмӣ, нуриҳои минералӣ, воситаҳои ҳифзи растаниҳо, масолеҳи сохтмон ва маҳсулоти фулузотӣ (металлӣ) харидорӣ мекунанд.

Сухан дар бораи харидҳои шахсӣ меравад. Мақомоти маҳаллӣ, дар бораи ҳаҷми чунин тиҷорат маълумоти дақиқ пешниҳод накарданд.
Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ дар бораи гузаргоҳҳои сарҳадӣ чӣ мегӯянд?Қаблан, дар нишасти матбуотии Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, аз мушкилоти убури баъзе гузаргоҳҳои сарҳадӣ хабар дода буданд. Тибқи маълумоти ин ниҳод, шумораи сайёҳоне, ки аз сарҳад убур мекунанд, афзоиш меёбад, аммо зерсохтори баъзе гузаргоҳҳо барои чунин ҷараён пешбинӣ нашудааст.

Барои омӯзиши вазъ гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуда, намояндагони Кумита дар ҳамдастӣ бо кормандони дигар мақомоти давлатӣ аз гузаргоҳҳои сарҳадӣ боздид карданд.

Яке аз гузаргоҳҳои сарҳадии байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон
Яке аз гузаргоҳҳои сарҳадии байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон. Акс аз asia+


Тоҷикистону Ӯзбекистон чӣ гуна сайёҳиро рушд медиҳанд?Соли 2026 Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ва Кумитаи сайёҳии Ӯзбекистон масъалаи осону содатар гардонидани тартиби убури сарҳад миёни ду кишвар низ баррасӣ мешавад.

Аз ҷумла, ду рӯз пештар, Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон дар дидор бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон хостори тезтар иҷро шудани низоми сафар бо шиносномаҳои дохилӣ ё ID-кортҳо миёни ду кишвар шуд.


Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий