< Долони муштараки нақлиётӣ: Тоҷикистон ва Эрон аз тариқи Афғонистон ба ҳам пайваст мешаванд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Долони муштараки нақлиётӣ: Тоҷикистон ва Эрон аз тариқи Афғонистон ба ҳам пайваст мешаванд

Долони муштараки нақлиётӣ: Тоҷикистон ва Эрон аз тариқи Афғонистон ба ҳам пайваст мешаванд
​Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи сешанбе, 4-уми август эълом кардааст, ин тавофуқ дар миёнаҳои моҳи июл, пас аз нишасти намояндагони се кишвар дар шаҳри Машҳади Эрон, ба имзо расидааст.

Бар асоси иттилооти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, долони нави нақлиётӣ имкони интиқоли молҳои тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Эронро аз тариқи Афғонистон фароҳам хоҳад кард.

Дар бахши дигари иттилоот омадааст, ки нахустин борҳои озмоишии ин долон моҳи оянда интиқол дода мешавад, то равандҳои марзӣ, гумрукӣ ва нақлиётии он арзёбӣ шаванд.

Барои иҷрои ин тарҳ низ як гурӯҳи кории сеҷониба таъсис шудааст, то бар раванди иҷро назорат карда, монеаҳои эҳтимолиро баррасӣ намояд.
Бар асоси иттилоот, ин долон метавонад дар оянда ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин низ густариш ёбад.


Сарчашма: dialog.tj ​

Комментарии (0)

Оставить комментарий