< Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд

Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
Ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро дар соҳаи саноат баррасӣ намуда, ба рушди саноати сабук, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва коркарди пахта таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Дар мулоқот оид ба имконияти густариши ҳамкорӣ дар самти таъсиси иқтидори муосири истеҳсолӣ ва рушди занҷираи пурраи истеҳсолӣ — аз коркарди ашёи хом то истеҳсоли маҳсулоти тайёри нассоҷӣ ва дӯзандагӣ табодули афкор карда шуд.

Таъкид гардид, ки рушди саноати сабук дар самти зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ, таъсиси ҷойи нави кор, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва афзоиши ҳиссаи маҳсулоти дорои арзиши иловашудаи баланд аҳамияти муҳим дорад.

Мусоҳибон ҳамчунин оид ба самтҳои ояндадори ҳамкории минбаъда ва густариши ҳамкории Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамзамон  барои идомаи муколамаи созанда ва мусоидат ба рушди ҳамкории мутақобили судманд дар соҳаи саноат изҳори омодагӣ карда шуд.


Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий