< Русия як тавлидкунандаи паҳпод барои Украинаро боздошт кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Русия як тавлидкунандаи паҳпод барои Украинаро боздошт кард

Русия як тавлидкунандаи паҳпод барои Украинаро боздошт кард
​Ба гузориши хабаргузории «ТАСС», ин шахс қисмҳои дронро бо усули 3D истеҳсол намуда, сипас онҳоро васл мекард, то дар ихтиёри неруҳои украинӣ қарор дода шаванд.

Хадамоти амнияти федералии Русия гуфтааст, ки дар ҷараёни ин амалиёт 22 паҳпод, аз ҷумла навъҳои болсобит ва квадрокоптер, кашф ва мусодира шудаанд.

Мақомоти Русия муддаӣ ҳастанд, ки ин таҷҳизот барои истифода дар амалиётҳои низомии Украина омода шудаанд.
То кунун мақомоти Украина дар робита ба ин иддаои Хадамоти амнияти федералии Русия изҳори назар накардаанд.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий