< Дар Кореяи Ҷанубӣ аз мавҷи гармои шадид 16 нафар ба ҳалокат расиданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Кореяи Ҷанубӣ аз мавҷи гармои шадид 16 нафар ба ҳалокат расиданд

Дар Кореяи Ҷанубӣ аз мавҷи гармои шадид 16 нафар ба ҳалокат расиданд
​Ба гузориши хабаргузории «Ёнҳап» (Yonhap), мақомоти Кореяи Ҷанубӣ гуфтаанд, ки дар авҷи гармои шадид рӯзи якшанбе ду нафар ва рӯзи душанбе як нафар ҷон бохтанд.

Дар пайи ин вазъ, Ли Ҷе Мён, раиси ҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ, хостори суръат бахшидан ба тадбирҳои муқобилият бо хушксолӣ ва бознигарии низоми муҳофизат ба офатҳои табиӣ шудааст.

Ҳамзамон бо пешбинӣ шудани боло рафтани ҳарорати ҳаво то 38 дараҷа, шаҳри Сеул барои нахустин бор баландтарин сатҳи ҳушдори «мавҷи гармои шадид"-ро содир кард.

Созмони ҳавошиносии Кореяи Ҷанубӣ ин ҳушдорро барои 11 минтақаи пойтахт эълом кардааст.

Бар асоси омори давлатӣ, танҳо рӯзи душанбе дар шаҳри Сеул 18 мавриди бемориҳои вобаста ба гармӣ сабт шудааст. Бо ин ҳисоб, шумори умумии чунин бемориҳо аз нимаи моҳи май то кунун дар пойтахт ба 185 маврид расида, ки ду ҳолати марг низ дар миёни онҳо сабт шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Кореяи Ҷанубӣ бо ирсоли паёмакҳои ҳушдори изтирорӣ аз шаҳрвандон хостааст, ки аз фаъолиятҳои ғайризарурӣ дар фазои боз худдорӣ кунанд, оби кофӣ бинӯшанд, дар ҷойҳои салқин истироҳат намоянд ва дар рӯзҳои идомаи мавҷи гармо вазъи аъзои хонаводаи худро пайгирӣ кунанд.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий