< Аҳмад Масъуд: Ҷабҳаи муқовимат муборизаашро идома медиҳад ва ба Афғонистон сулҳ меорад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Аҳмад Масъуд: Ҷабҳаи муқовимат муборизаашро идома медиҳад ва ба Афғонистон сулҳ меорад

Аҳмад Масъуд: Ҷабҳаи муқовимат муборизаашро идома медиҳад ва ба Афғонистон сулҳ меорад
 Дар шабакаҳои Телеграмм, ки ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ рабт доранд, аз номи фармондеҳи саҳроӣ Аҳмад Масъуд муроҷиатномае нашр шудиттилоъ додааст нашрияи “Военное обозрение”.

Дар муроҷиатнома садоӣ аз номи раҳбари Панҷшер гуфта мешавад, ки Ҷабҳаи муқовимат муборизашро бо “Толибон”* идома медиҳад ва то озод шудани Афғонистон таслим нахоҳад шуд.

"Агар мо муқовимат накунем, он гоҳ Афғонистон ба паноҳгоҳи терроризми байналмилалӣ мубаддал хоҳад шуд", - омадааст дар баёния аз номи Аҳмади Масъуд.

Ҳамзамон, шарҳҳои раҳбари Ҷабҳаи муқовимат дар шабакаи хабарии Al-Sharq ба нашр расидааст.

Роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар суҳбат бо ин нашрия гуфт, ки онҳо ҳокимияти “Толибон”*-ро эътироф карданӣ нестанд.

"Мо метавонем дар Кобул ҳукумате ташкил кунем, ки сулҳи деринтизорро ба Афғонистон биёрад. Ин як ҳукуматест, ки манфиатҳои тамоми қишрҳои аҳолии Афғонистонро ба назар мегирад ва ҳукумати фарогир хоҳад буд",-гуфт Масъуд.

Раҳбари Панҷшер афзуд, ки на мардум ва на ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукумати нави Афғонистон қаноатманд нестанд.

Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири умури хориҷии Покистон дар бораи баргузории музокироти нерӯҳои мухолифи афғон дар Душанбе ба мувофиқа расида буданд.

Тавре дафтари матбуоти Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон хабар дод, намояндагони тараф аллакай барои баррасии ин масъала ба Тоҷикистон омадаанд.

Аммо назари “Толибон”* дар ин маврид то ҳол мушаххас нашудааст, вале ҷангҷӯён тавонистанд Тоҷикистонро дар дахолат ба умури дохилии кишвар муттаҳам кунанд.

* - ташкилоти террористӣ, ки фаъолияти он дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.





Комментарии (0)

Оставить комментарий