Ҷабҳаи озодӣ аз кушта шудани панҷ ҷангҷӯи Толибон дар Бадахшон хабар дод
Ин ҷабҳа шоми рӯзи чоршанбе, 5-уми август бо нашри хабарномае гуфтааст, ки даргирӣ баъд аз нисфирӯзӣ бо ҳамлаи Толибон ба сангарҳои неруҳои Ҷабҳаи озодӣ оғоз шуда, тақрибан чаҳор соат идома доштааст.
Ҷабҳаи озодӣ афзудааст, ки неруҳои онҳо ҳамлаи Толибон ба мавқеъҳои худ дар ноҳияи Зебоки вилояти Бадахшонро рафъ карда, дар ҷараёни даргирӣ ба ҷангҷӯёни Толибон талафот ворид кардаанд.
Бар асоси хабарнома, неруҳои Ҷабҳаи озодӣ пас аз рафъи ҳамлаи Толибон, бо истифода аз силоҳҳои сабук ва вазнин ба ҷангҷӯёни ин гурӯҳ талафот ворид кардаанд.
Ҷабҳаи озодии Афғонистон гуфтааст, ки Толибон ақибнишинӣ кардаанд ва дар ин даргирӣ ба нерӯҳои онҳо осебе нарасидааст.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)