< Шунида шудани садои инфиҷор дар тангаи Ҳурмуз » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Шунида шудани садои инфиҷор дар тангаи Ҳурмуз

Шунида шудани садои инфиҷор дар тангаи Ҳурмуз
Шабакаи «Ал-Ҷазира», бомдоди душанбе, 3-уми август, гузориш додааст, ки садои ин инфиҷор дар 37 километрии шимолу шарқии минтақаи Хасаб, дар соҳилҳои Уммон, шунида шудааст.

Бар асоси гузориш, Маркази амалиёти тиҷорати дарёии Британия гуфтааст, ки як нафткаш аз шунидани садои инфиҷор дар наздикии киштӣ хабар додааст.

Бо ин ҳол, мушаххас нашудааст, ки инфиҷор бар асари минаи дарёӣ буда ё бархӯрди мушак ва паҳпод, аммо Сипоҳи посдорони Эрон борҳо ҳушдор додааст, ки роҳи ҷанубии тангаи Ҳурмуз ғайриқонунӣ аст.

Ин дар ҳолест, ки дар рӯзҳои гузашта низ Сипоҳи посдорон монеи гузари киштиҳои тиҷоратӣ ва нафткашҳо аз роҳи ҷанубӣ дар наздикии соҳилҳои Уммон шудааст.


Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий