< Вэнс: “Эрониҳо музокиракунандагони сарсахт ҳастанд” » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Вэнс: “Эрониҳо музокиракунандагони сарсахт ҳастанд”

Вэнс: “Эрониҳо музокиракунандагони сарсахт ҳастанд”
​Вэнс ин изҳоротро субҳи имрӯз, 6-уми август дар мусоҳиба бо шабакаи «Фокс Нюз» (Fox News) баён кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар дохили ҳукумати Эрон афроде ҳастанд, ки мехоҳанд ҷанг поён ёбад ва дар баробари он, тундравоне низ ҳастанд, ки хостори идомаи ҷанганд.

Муовини раиси ҷумҳури Амрико бо иддаои мавҷудияти ихтилофи назар дар дохили Эрон дар бораи музокира бо Амрико гуфтааст: «Вазифаи мо даст ёфтан ба беҳтарин натиҷаи мумкин барои мардуми Амрико аст».

Вэнс таъкид кардааст, ки миёни ӯ ва Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар масъалаи Эрон ҳеч ихтилофи назаре вуҷуд надорад.
Ба гуфтаи ӯ, аъзои ҳукумати Амрико барои иҷрои тасмимҳои Трамп муттаҳид ҳастанд. Вэнс иддао кардааст: «Қимати энержӣ коҳиш хоҳад ёфт, Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст нахоҳад ёфт ва мо дар мавқеи қавитар қарор хоҳем гирифт».

Муовини раиси ҷумҳури Амрико дар бораи гузоришҳо оид ба ихтилоф бо Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил низ гуфтааст, ки дар охирин дидори онҳо ҳеч гуна рӯёрӯӣ вуҷуд надошта ва ду тараф гуфтугӯи хуб ва ошкоро анҷом додаанд.

Ӯ Исроилро «шарики олӣ"-и Амрико хонда, гуфтааст: «Мисли дигар муттаҳидонамон, баъзан мавзеъҳои мухталиф дорем».
Вэнс дар поён афзудааст: «Нақши ман пайгирии манфиатҳои Амрико аст ва мо барои даст ёфтан ба ҳадафҳои муштаракамон бо Исроил ҳамкорӣ мекунем».


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий