Намояндаи Покистон дар Созмони Милали Муттаҳид Афғонистони зери идораи Толибонро паноҳгоҳи терроризм хонд
Рӯзномаи «Дон», субҳи панҷшанбе, 6-уми август гузориш додааст, ки сафири Покистон ин мавзуъро дар нишасти Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид баён кардааст.
Бар асоси гузориш, Ифтихор Аҳмад вазъияти Афғонистонро зери идораи Толибон бад ва нигаронкунанда хондааст.
Ба гуфтаи ӯ, чандин гурӯҳи террористӣ аз паноҳгоҳҳои амн дар дохили Афғонистон ба фаъолияти худ идома медиҳанд ва таҳдиди рӯзафзун барои амнияти минтақа ба шумор мераванд.
Дар гузориш омадааст, ки Ифтихор Аҳмад ба таври хос аз гурӯҳҳои «Таҳрики Толибони Покистон (ТТП)», «Артиши озодибахши Балучистон», «ДОИШ» ва гурӯҳҳои вобаста ба он, «Ҷунбиши исломии Туркистони Шарқӣ» ва шохаҳои «Ал-қоида» ҳамчун гурӯҳҳое ном бурдааст, ки ба паноҳгоҳҳои амн дар дохили Афғонистон дастрасӣ доранд.
Бо ин ҳол, гурӯҳи террористии Толибон бо радди ин мавзуъ, ҳамвора гуфтаанд, ки чолишҳои амниятӣ дар Покистон мушкили дохилии ин кишвар аст.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)