Патрушев: ҳаёти миллионҳо нафар аз дасти ИМА дар хатар аст
Лабораторияҳои биологие, ки ИМА месозад, барои тамоми ҷаҳон хатарноканд
Лабораторияҳои биологии ИМА, ки дар тамоми нукоти ҷаҳон ташкил мешаванд, барои ҳаёти даҳҳо миллион нафар хатар дорад. Дар ин бора Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия дар суҳбат бо "Аргументы и Факты" изҳор доштааст.
Ӯ гуфтааст, ки Ғарб аз ҳуқуқи инсон дод мезанад, худаш онро нақз мекунад.
"Лабораторияҳое, ки Вашингтон дар саросари ҷаҳон месозад, хатар барои саломатии даҳҳо миллион нафар эҷод мекунанд ва бо ин ҳуқуқашонро нақз мекунанд", - таъкид намуд Патрушев.
Қаблан дабири Шӯрои амният изҳор дошт, ки лабораторияҳои биологии ИМА асосан дар атрофи Русия ва Чин ташкил мегарданд.
Ба гуфтаи амрикоиҳо, онҳо ба олимон дар таҳияи усулҳои мубориза бо бемориҳои хатарнок кумак мекунанд, аммо мақомоти кишварҳое, ки ин лабораторияҳо дар қаламравашон ҷой гиранд, дар мавриди кори он ҳеч иттилое надоранд, изҳор дошт Патрушев.
"ИМА метавонад силоҳи ҳастаӣ созад. Барои ҷилавгирӣ аз пайомадҳои эҳтимолии он, Русия бо шариконаш, пеш аз ҳама бо кишварҳои пасошӯравӣ созишномаҳои ҳамкорӣ дар бахши амнияти биологӣ мебандад", - илова намуд Патрушев.
Қаблан ним миллион сокинони Чин тавассути номаи боз ба Созмони ҷаҳони беҳдошт, талаб карданд, ки лабораторияҳои биологии ИМА дар пойгоҳи Форт - Детрик таҳқиқ шавад. Ба гуфтаи муроҷиаткунандагон, ин назорат бояд ба хотири ҷилавгирӣ аз эпидемияҳо дар оянда амалӣ гардад.
Комментарии (0)