Лавров аз фирори Ғанӣ гуфт ва робитаи Русия бо "Толибон*" - ро шарҳ дод (навор)
[media=https://video.img.ria.ru/Out/Flv/20210915/2021_09_15_Line1100111_ajho3l03.oqh.mp4]
Сергей Лавров дар шарҳи робита Русия бо "Толибон* чунин гуфт, ки ин кор ба хотири коҳиш додани хатар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад
Сергей Лавров дар шарҳи робита Русия бо "Толибон* чунин гуфт, ки ин кор ба хотири коҳиш додани хатар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад
Вазири умури хориҷаи Русия, ки дар феълан дар Душанбе қарор дорад, зимни нишасти муштараки вазирони корҳои хориҷӣ, вазирони дифоъ ва дабири Шӯрои амнияти СААД сабаби тамос доштани Русия бо "Толибон"* - ро шарҳ дод.
Ба гуфтаи раҳбари Вазорати умури хориҷии Русия, ин ба хотири рафъи ҳама гуна хатарҳо барои кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ зарур аст.
"Толибон" ҳадафҳои худро эълон кард, аз ҷумла уҳдадории худро ба муборизаи минбаъда бо терроризм, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир. Онҳо ҳамаро итминон доданд, ки кореро анҷом медиҳанд, то минбаъд дар Афғонистон таҳдиде барои кишварҳои ҳамсоя вуҷуд надошта бошад", - таъкид намуд Лавров.
Ба гуфтаи ӯ, "Толибон" итминон дод, ки нияти ноором кардани вазъ дар кишварҳои ҳамсояро надорад ва ҳукумати фарогиреро ташкил хоҳад дод, ки доираи васеи ҷомеаи Афғонистон - сиёсӣ, қавмӣ ва мазҳабиро инъикос мекунад.
Комментарии (0)